Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА дар пешбурди принсипҳои “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон мусоидат мекунад
Publishing date: 30 октябр 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти иқтисодӣ, Муҳофизати муҳити зист
Нерӯи (энергияи) барқароршаванда, технологияи сабз, ба таври самарабахш истифода намудани захираҳо ва ҳамоҳангсозии қонуни ҳифзи муҳити зист мавзӯъҳои асосии силисила омӯзишҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе буданд, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор гардиданд. Омӯзишҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Ғарм, Хоруғ ва Хуҷанд гузаронида шуданд ва барои амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди устувори СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Дар рӯйдодҳои мазкур тақрибан 140 намоянда аз ҳукумати маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва Марказҳои Орҳус аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон иштирок карданд, ки аз ҷониби САҲА ташкил карда шудаанд...
Курси омӯзишии САҲА барои фаъолони тоҷик дар бораи пешгирии низоъ бо дарназардошти омили гендерӣ
Publishing date: 23 октябр 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, Баробарии гендерӣ
Дар санаи 19-уми октябри соли ҷорӣ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тренинг барои тренерон баргузор намуд, ки дар он мавзӯъҳои ҷалби занон дар пешгирӣ ва ҳалли низоъ, музокироти сулҳ ва расонидани кӯмаки башардӯстона мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Чорабинии мазкур ба 18-умин солгарди Қарори Шӯрои амнияти СММ таҳти рақами 1325 дар бораи занҳо, сулҳ ва амният бахшида шудааст...
САҲА сафари ҳайати Ҳукумати Тоҷикистонро ба Гурҷистон баҳри омӯхтани таҷрибаи адолати судӣ нисбати кӯдакон баргузор кард
Publishing date: 19 октябр 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Ҳуқуқи инсон, Омӯзиш
Аз санаи 8-ум то 12-уми октябри соли ҷорӣ, аъзоёни гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Тифлиси Гурҷистон рафтанд. Мақсади сафар аз омӯхтани таҷрибаи Гурҷистон оиди иҷроиш ва назорати Стратегия ва Нақшаи амали ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон буд. Сафари омӯзишӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ Гурҷистон ташкил ва баргузор гардид.
САҲА мизи мудаввар барои таҳлили қонунгузории Тоҷикистон бинобар ба гузариш ба пахши рақамӣ ташкил кард
Publishing date: 18 октябр 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Озодӣ ва рушди расонаҳо
Дар санаи 18-уми октябри соли ҷорӣ, Дафтари банромаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаи таҳлили қонунгузории ҷорӣ вобаста ба гузариш ба пахши рақамӣ мизи мудаввар баргузор намуд.
САҲА курси минтақавиро оид ба безараргардонӣ дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад
Publishing date: 16 октябр 2018
Content type: News
Дар санаи 16-уми октябри соли ҷорӣ, курси 10-рӯзаи САҲА тақрибан барои 30-нафар мутахассисони низомӣ ва ғайринизомӣ дар бораи «Ташаккулёбии муштарии оқил оид ба амалиёти беяроқгардонии бехатар» дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси омӯзишиеро дар бораи кӯмаки аввалияи таъҷилӣ барои кормандони хадамоти сарҳадӣ баргузор менамояд
Publishing date: 21 сентябр 2018
Дар санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ, дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе давраи омӯзишии панҷрӯза оид ба расонидани кӯмаки аввалияи таъҷилӣ ба анҷом расид.
САҲА ба Академияи ВАО-и Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ месупорад
Publishing date: 17 сентябр 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Озодӣ ва рушди расонаҳо