САҲА дар пешбурди принсипҳои “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон мусоидат мекунад

Нерӯи (энергияи) барқароршаванда, технологияи сабз, ба таври самарабахш истифода намудани захираҳо ва ҳамоҳангсозии қонуни ҳифзи муҳити зист мавзӯъҳои асосии силисила омӯзишҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе буданд, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор гардиданд. Омӯзишҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Ғарм, Хоруғ ва Хуҷанд гузаронида шуданд ва барои амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди устувори СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Дар рӯйдодҳои мазкур тақрибан 140 намоянда аз ҳукумати маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва Марказҳои Орҳус аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон иштирок карданд, ки аз ҷониби САҲА ташкил карда шудаанд.
Мудири Маркази Орҳус дар шаҳри Ғарм, Савринисо Ҳафизова гуфт: “Иштироки намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Ғарм дар тренинг хело муҳим буд. Онҳо дар барои ҳифзи муҳити зист донишҳои худро мукаммал сохтанд ва чӣ гуна дар минтақаҳои дурдасти водии Рашт истифода намудани технологияҳои сабзро аз худ карданд”.
“Иштироки фаъоли иштирокчиён маро мутаассир кард. Омӯзишҳои мазкур қадамҳои амалие мебошанд, ки барои баҳтар намудани шароитҳои истифодаи самарабахши захираҳои экологӣ дар Тоҷикистон ва гузаштан ба иқтисоди сабз ва фарогир мусоидат хоҳанд кард”, гуфт тренер ва мутахассиси соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Литва, Саулюс Смалис.