Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА маъракаи умумимиллии “Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ, оворагардӣ ва авбошӣ”-ро баргузор мекунанд
Publishing date: 24 июн 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД) дар ҳамдастӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи фаҳмондадиҳии «Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ, оворагардӣ ва авбошӣ»-ро бомуваффақият амалӣ менамояд.
САҲА тавонмандии мутахассисони навомӯзи обро барои дастгирии Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 афзоиш медиҳад
Publishing date: 18 июн 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
Аз 16 то 18 июни соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд курси таълимии серӯза оид ба баланд бардоштани тавонмандии мутахассисони ҷавон дар соҳаи обро доир намуд.
САҲА тавассути омӯзиши платформаи “Картотека” малакаҳои рақамии кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил дод
Publishing date: 16 июн 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти иқтисодӣ
Моҳҳои апрел то июни соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази рақамисозии бахши нақлиёти назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар платформаи рақамии «Картотека» як силсила омӯзишҳои амалӣ ташкил намуд. Дар барномаи таълимӣ ҳамагӣ 105 корманди Вазорат (34 зан ва 71 мард) аз саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Ҳисор, Бохтар, Ғарм, Хуҷанд ва Хоруғ ширкат варзиданд.
САҲА барои кормандони боломақоми милитсияи шаҳри Хуҷанд омӯзиши иловагӣ оид ба вокуниши ба ҷабрдида нигаронидашуда ба хушунати хонаводагӣ баргузор кард
Publishing date: 12 июн 2025
Аз 11 то 12 июни соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд курси таълимии дурӯза доир намуд. Чорабинии мазкур дар пайи ҳамин гуна омӯзише, ки моҳи май дар вилояти Хатлон баргузор шуда буд, сурат гирифт.
САҲА бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо курси «Таълими роҳбаладон»-ро барои афсарзанони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд
Publishing date: 11 июн 2025
Аз 19 май то 7 июни соли 2025, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар доираи марҳилаи 3-юми лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ мешавад, барои 20 афсарзани Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Пойтахт» курси таълими роҳбаладонро баргузор намуд.
САҲА ташаббусҳои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётиро дар Осиёи Маркази дастгирӣ мекунад
Publishing date: 27 май 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти иқтисодӣ
Рӯзҳои 26 ва 27 майи соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои сатҳи баландро, ки ба густариши робитаҳои нақлиётӣ ва мусоидат ба тиҷорат дар саросари Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд, дастгирӣ намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсафи омодасозии мутахассисони безараргардонии маводи тарканда дар Осиёи Марказӣ аст
Publishing date: 23 май 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа
Дар Маркази таълимии минтақавӣ оид ба безараргардонии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши минтақавӣ оид ба безараргардонии маводи тарканда дараҷаи 2 баргузор гардид, ки як қадами муҳим дар баланд бардоштани иқтидори Осиёи Марказӣ дар рафъи таҳдидҳои маводи тарканда мебошад. Омӯзиши ҳамаҷониба, ки 28 апрел оғоз шуда, то 16 май идома кард, аз ҷониби устодони коршинос аз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ шуда, аз афзоиши худкифоии минтақа дар ин соҳаи муҳим гувоҳӣ дод.