САҲА мизи мудаввари Ассотсиатсияи Шӯроҳои занон дар Вазорати корҳои дохилӣ барои баррасии иштироки занон дар милитсияро дастгирӣ кард
Рӯзҳои 12-13 сентябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Ассотсиатсияи шӯроҳои занони Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) барои ташкили мизи мудаввар дар шаҳри Ромити наздикии Душанбе мусоидат намуд. Дар чорабинӣ 42 намоянда, аз ҷумла 31 зан ва 11 мард аз Ассотсиатсия, роҳбарияти ВКД, Кумитаи кор бо занон ва оила, Воҳидҳои милитсияи ба масоили гендерӣ ҳассос ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи мизи мудаввар пешниҳоди ҳисоботи нимсола дар бораи фаъолияти ассотсиатсия ва шӯроҳои занони ВКД аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳи махсус ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фаъолияти шӯъбаҳои милитсияи ба масоили гендерӣ ҳассос, ки аз ҷониби Дафтар дастгирӣ мешаванд, равона карда шудааст. Иштирокчиён дар бораи дастовардҳои занон дар мақомоти милитсия, бахусус нозирзаноне, ки парвандаҳои зӯроварӣ дар оиларо ҳал мекунанд, инчунин мушкилотеро, ки кормандзанони сохторҳои ВКД бо онҳо дучор мешаванд, баррасӣ карданд. Ҳалли амалии мушкилот ва тавсияҳо оид ба ҷолибтар гардонидани хадамоти милитсия барои занон низ баррасӣ шуд.
Чорабинии мазкур бо САҲА ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи қатъномаи 1325 Шӯрои СММ оид ба занон, сулҳ ва амният мувофиқат мекунад. Ҳадаф ҷалби шарикони дахлдор, аз ҷумла Ассотсиатсияи Шӯроҳои занон дар ВКД, ВКД, Кумитаи кор бо занон ва оила ва созмонҳои байналмилалӣ ба муҳокимаи тавсияҳо оид ба афзоиш ва дастгирии иштироки занон дар милитсия буд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба фароҳам овардани муҳити бехатари корӣ барои занон дар сохторҳои ВКД, инчунин муайян кардани дастгирӣ ва имкониятҳои зарурӣ барои ҳамкорӣ байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор равона карда шуд.