Татяна Туркан
Татяна Туркан аз моҳи июни соли 2025 Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мебошад. Моҳи майи соли 2024 вазифаи муовини Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанберо ба зимма гирифт.
Хонум Туркан таҷрибаи беш аз 15 сол дар соҳаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамоҳангсозӣ, банақшагирии стратегӣ, идоракунӣ ва арзёбии барномаҳоро дорад. Фаъолияти меҳнатиашро дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун дар ин ниҳод, аз ҷумла Мушовири вазир оид ба робита бо донорҳо ва Роҳбари Шӯъбаи таҳияи сиёсати ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо кор кардааст. Таҷрибаи касбии ӯ кори васеъ дар соҳаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорати барномаҳо, эҷоди шарикӣ ва банақшагирии стратегӣ - пеш аз ҳама дар соҳаҳои корҳои дохилӣ ва амниятро дар бар мегирад. Дар Ҷумҳурии Молдова, Руминия, Австрия, Тоҷикистон ва дар намояндагии САҲА дар Косово кор кардааст.
Татяна Туркан дорои дараҷаи магистр дар умури сиёсӣ/муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Бо забонҳои англисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.