Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин омӯзиши миллӣ дар асоси иҷрои сенарияҳои тақлидӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон оғоз ёфт
 
        27 октябри соли 2025 дар Сафед-Дараи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши панҷрӯзаи миллӣ дар асоси иҷрои сенарияҳои тақлидӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон оғоз ёфт. Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар доираи ташаббуси аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришудаи он PROTECT дар чорчӯбаи барномаи GLO.ACT ва Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар кардани таъқиби судии хариду фурӯши одамон ва дастгирии ҷабрдидагон Марҳилаи II» баргузор карда мешавад.
Дар ин чорабинӣ тақрибан 45 нафар аз Прокуратураи Генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии «Фемида», «Корвони умед» ва «Майрам» иштирок мекунанд.
Ин омӯзиш, ки бори дуюм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ба кормандони сафи пеш имкон медиҳад, ки ҳолатҳои воқеии муқовимат ба хариду фурӯши одамонро дар ҷараёни ба рӯйи саҳна овардани (иҷрои) сенарияҳои хариду фурӯши одамон аз ҷониби ҳунармандон тақлид кунанд. Дар ин машқ парвандаҳои хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори меҳнатӣ ва ҷинсӣ тақлид карда мешаванд.
Жан-Бенуа Мане, Муовини Ҳамоҳангсози САҲА оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон, гуфт: «САҲА ифтихор дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тақвияти иқтидори институтсионалӣ, тақвияти муколамаи байниидоравӣ ва пешбурди сиёсатҳое, ки таъсири назаррас доранд, дастгирӣ мекунад. Дониш ва малакаҳое, ки шумо дар ин ҷо инкишоф медиҳед, дар ин утоқ намемонанд, онҳо ба беҳтар муайян кардани ҷабрдидагон, тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва баланд бардоштани самаранокии таъқиботи судӣ ва дастгирии ҷабрдидагон дар кори ҳаррӯзаи шумо мусоидат мекунанд».
Татяна Туркан, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, гуфт: «Мубориза бо хариду фурӯши самти афзалиятноки кори САҲА ва яке аз заминаҳо барои ноил шудан ба амнияти ҳамаҷониба дар саросари кишварҳои узви Созмон мебошад». «Хусусияти мураккаб ва пинҳонии хариду фурӯши одамон барои ҳалли ин падида ҳамкории бисёрҷонибаи муассирро талаб мекунад. Ман мехоҳам талошҳои назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли гузашта, бахусус дар афзоиши тафтишоти хариду фурӯши одамон ва тақвияти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба баргардонидани ҷабрдидагон, қадрдонӣ кунам. Ин машқи тақлидӣ таҳкурсии муҳимро барои ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдори асосӣ барои ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон ва таъмини таъқиби судии ҷинояткорон фароҳам меорад», - илова кард Туркан.
Машқи тақлидӣ дар вақти воқеӣ қисми кӯшишҳои доимии Дафтари барномаҳо барои кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо хариду фурӯши одамон ва беҳтар кардани муайян ва дастгирии ҷабрдидагон бо усули ҳамоҳангшуда мебошад. Он мувофиқи Нақшаи миллии амали муқовимат ба хариду фурӯши одамон барои солҳои 2025-2027, ки ба наздикӣ тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ – UNODC: Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ташаббуси PROTECT-ро, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ мешавад, дар чорчӯбаи GLO.ACT дар саросари Афғонистон (ба итмом расидааст), Ироқ, Покистон ва Тоҷикистон амалӣ мекунад. Ин ташаббус инчунин ба ҳалли мушкилоти минтақаи васеътари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо таваҷҷӯҳи асосӣ ба баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба хариду фурӯши одамон (TIP) ва интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон (SOM), бахусус дар робита ба адолати ҷиноӣ, нигаронида шудааст.
Барои маълумоти бештар дар бораи ташаббуси PROTECT-и Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад, лутфан ба ин сомона муроҷиат кунед: https://www.unodc.org/unodc/en/human-trafficking/glo-act6/index.html
