САҲА ба афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба киберамният таълим дод

Аз 6 то 10 октябри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 15 афсари миёнарутбаи Раёсати таҳлилии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият омӯзиши панҷрӯза оид ба киберамният баргузор намуд.
Омӯзише, ки аз ҷониби ду коршиноси байналмилалӣ ва як коршиноси маҳаллӣ гузаронида шуд, иштирокчиёнро бо дониш ва малакаҳои амалӣ барои ҳифзи муҳити кории рақамии худ муҷаҳҳаз намуд. Омӯзиши ҳамаҷониба мавзӯъҳои калидӣ, аз қабили амнияти додаҳо, таҷрибаҳои азназаргузаронии (паймоиши) бехатари саҳифаҳои сомонаҳо, идоракунии паролҳо, ҳакерии этикӣ ва коҳиш додани таҳдидҳоро фаро гирифт.
Ҳадафи ин барнома баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи хатарҳо ба киберамният ва тарғиби рафтори масъулиятноки рақамӣ дар байни иштирокчиён, аз навомуз то онҳое, ки мехоҳанд фаҳмиши худро дар бораи кибермудофиа мустаҳкам кунанд. Машғулиятҳои ҳаррӯза дарсҳои назариявӣ, модулҳои интерактивӣ ва машқҳои амалиро якҷоя карда, ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки мавҳумҳоеро, аз қабили системаҳои амалиётӣ, стратегияҳои нусхабардории (захиракунии) эҳтиётии додаҳо, қарорҳои зиддивирусӣ, аз ҷумла хатарҳои фишинг, муҳандисии иҷтимоӣ ва нармафзори зарароварро омӯзанд.
Тавассути баланд бардоштани қобилияти иштирокчиён дар татбиқи чораҳои устувори киберамниятӣ, ташаббус ба таҳкими амнияти сарҳадӣ ва ҳалли кибертаҳдидҳои бавуҷудоянда мусоидат мекунад.
Ин омӯзиш дар доираи татбиқи Стратегияи миллии идоракунии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад ва бо Консепсияи идоракунии сарҳадии САҲА мувофиқат мекунад.