САҲА иқтидори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо киберҷинояткорӣ таҳким медиҳад
САҲА ӯҳдадории худро ҷиҳати таҳкими чораҳои киберамниятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ду курси махсуси омӯзишии амалӣ дар Дафтари барномаҳои он дар Душанбе аз 12 то 16 май ва аз 19 то 22 майи соли 2025 тасдиқ намуд. 32 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (31 мард ва як зан) аз Вазорати корҳои дохилӣ дар курсҳои пуршиддати чоррӯза ва панҷрӯза ки ба баланд бардоштани қобилияти онҳо дар истифодаи иттилооти ошкоро оид ба киберҷинояткорӣ ва усулҳои муосири тафтишот нигаронида шудаанд, иштирок намуданд. Ҳадафи ин ташаббуси ҳамаҷониба муҷаҳҳаз кардани иштирокчиён бо малакаҳо ва донишҳои пешрафта барои ҷамъоварии самараноки маълумоти фаврӣ дар бораи киберҷиноятҳо тавассути ворид кардани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ ба методологияи худ мебошад. Ҳарду курс бо дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (ТИКА) аз ҷониби коршиносони Раёсати генералии амният ва Академияи байналмилалии Туркия алайҳи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилона (TADOC) роҳандозӣ гардид.
Дар ҷамъбасти ҳар як курс иштирокчиёни фаъол барои хатми бомуваффақияти курс бо шаҳодатнома сарфароз гардонида шуданд. Маросим бо сухани хотимавии Татяна Туркан, муовини Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе; генерал-майор Азизулозода Сафиало, Ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ; Ҷаноби Олӣ Умут Аҷар, Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иброҳим Эҳем Унал, Ҳамоҳангсози Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия дар Душанбе анҷом ёфт. Онҳо аҳамияти идомаи ҳамкориҳоро байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, ки ба пешбурди киберамният омодаанд, таъкид карданд.