САҲА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизот ҳадя кард
8 майи соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе таҷҳизот ҳадя кард. Дар доираи Лоиҳаи Дафтари барномаҳо оид ба баланд бардоштани иқтидори посбонии сарҳадӣ дар маҳалҳо – Марҳилаи II (PFCB2), ки аз ҷониби Фаронса, Иёлоти Муттаҳида ва Олмон маблағгузорӣ мешавад, ду қаиқи резинӣ бо муҳаррики гидрореактивӣ барои посбонӣ дар дарёи Панҷ; 160 радиои дастии VHF барои густариши иртибот дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва 87 адад дастгощи навигатсионии GPS Garmin барои беҳтар кардани посбонии дар мошинҳо дар марз бо Афғонистон тӯҳфа карда шуданд.
Бахши идоракунии сарҳадии Дафтари барномаҳо барои баланд бардоштани иқтидори техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва марказҳои таълимӣ 45 ноутбук ва 9 принтер тӯҳфа кард. Дафтари барномаҳо ҳамчунин як адад мошини зиреҳпӯши Toyota Land Cruiser барои амалиёти бехатар дар ҳолатҳои амнияти сатҳи баланд ҳадя кард.
Дар маросими тақдим генерал-майор Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб, муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Юкка Туононен, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ширкат доштанд.
Соли 2024 30-юмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-умин солгарди амалисозии лоиҳаҳои тақвияти тавонмандии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби САҲА таҷлил карда мешавад.