Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, омӯзгорон ва падару модаронро дар Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон таълим медиҳад
Publishing date: 18 июл 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе тақрибан барои 320 намояндаи ҳукуматҳои маҳаллӣ, омӯзгорон, падару модарон аз оилаҳои муҳоҷирон ва одамоне, ки хешовандони онҳо ҳамчун муборизони террористии хориҷӣ ба минтақаҳои мавриди муноқиша қарордошта рафтаанд, ҳамчун як ҷузъи усули умумиҷомеавии мубориза алайҳи ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад, дар байни ҷавонони Тоҷикистон омӯзиш доир намуд. Курсҳои омӯзишӣ аз 24 июн то 18 июли соли 2019 дар 12 ноҳияи вилояти Суғд ва Хатлон гузаронида шуданд...
САҲА тавассути омӯзиши соҳибкорӣ дар самти қабули сайёҳон дар хонавода имконоти занони тоҷикро васеъ менамояд
Publishing date: 11 июл 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти иқтисодӣ, Баробарии гендерӣ
Васеъ намудани имконот, ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занон ба соҳибкории сайёҳӣ- ҳадафи асосии омӯзиши серӯза оиди ташкил намудани шароит барои қабули сайёҳон дар хонавода буд, ки он барои 15 нафар занон аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон гузаронида шуда, санаи 10-уми июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид...
САҲА ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мониторинги қонунгузориии зиддикоррупсиониро таълим медиҳад
Publishing date: 25 июн 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Идоракунии самарабахш
Таҳлили санадҳои миллии меъёрӣ ҳуқуқии мубориза бо коррупсия ва муайян намудани омилҳои хавфи коррупсионӣ мавриди омӯзиши панҷрӯза қарор гирифт, ки он 21 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
САҲА дар соли 2019 ихтисоси 100 масъулини мақомоти сарҳадии Тоҷикистонро тавассути силсилаомӯзишҳо такмил медиҳад
Publishing date: 24 июн 2019
Аз 17 то 22 июни соли 2019, САҲА сеюм тренинги силсилавии худро барои масъулини мақомоти сарҳадии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ анҷом дод. Ин тренинги хотимавии силсилаомзишҳо буда, дар аввали соли ҷорӣ ба чунин монанд тренингҳо дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор шуда буданд. Ҳамаи тренингҳо аз ҷониби коршиносони миллии сарҳадбони Тоҷикистон, ки хатмкунандагони курсҳои қаблии САҲА мебошанд, гузаронида шуданд.
Мизи мудаввари САҲА дар бораи худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон
Publishing date: 21 июн 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Озодӣ ва рушди расонаҳо
21-уми июни соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таҳти унвони «10 соли худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон. Имкониятҳо ва рафъи таҳдидҳои он барои фаъолияти оянда», дар Душанбе ҷаласаи мизи мудаввар баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ 70 иштирокчи, аз ҷумла намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, сармуҳаррирону рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии дар соҳаи рушди ВАО фаъол, иштирок карданд.
Дар Душанбе бо дастгирии САҲА оид ба тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони содирнамудаи ҳуқуқвайронкунӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Publishing date: 12 июн 2019
11-уми июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе оид ба тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони содирнамудаи ҳуқуқвайронкунӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинӣ якҷоя аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
САҲА конфронси бахшида ба даҳсолагии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад
Publishing date: 23 май 2019
21 ва 22 майи соли 2019 намояндагони мақомоти ҳуқуқи инсон ва омбудсменҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва Озарбойҷон, инчунин коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ омаданд, то даҳсолагии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар Душанбе таҷлил намоянд..