САҲА конфронси бахшида ба даҳсолагии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад
21 ва 22 майи соли 2019 намояндагони мақомоти ҳуқуқи инсон ва омбудсменҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва Озарбойҷон, инчунин коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ омаданд, то даҳсолагии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар Душанбе таҷлил намоянд.
Конфронси дурӯза аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва дигар шарикони байналмилалӣ доир гардид.
Сафир Валериу Кивер, Сарвари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, зимни суханронии ифтитоҳии худ қайд намуд, ки САҲА ба кори омбудсменҳо дар саросари минтақа ва ҳамкории тӯлонии САҲА бо идораҳои онҳо аҳамияти калон медиҳад. «САҲА омода аст, ки дар оянда низ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон дастгирӣ намояд. Мо ҳамкории созандаи байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин ҷо, дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунем ва кӯшиш мекунем дар оянда низ муколамаи ба ҳуқуқи инсон асосёфтаи байни ниҳодҳои давлатӣ, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун сутуни субот ва пешрафт ба сӯйи ҳифзи ҳуқуқи инсонро идома диҳем», афзуд ӯ.
Дар давоми конфронс дастовардҳо ва дурнамои кори омбудсменҳои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Бо эътирофи мушкилоте, ки ҳанӯз вуҷуд доранд, иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд ва барои такмили кори омбудсменҳо ва ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон, инчунин ҳифзи ҳуқуқи инсон табодули таҷриба менамоянд.