Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Сарҳадбонони Тоҷикистон ва Афғонистон курси таълимии САҲА оид ба таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳоро хатм карданд
Publishing date: 23 сентябр 2019
20 сентябри соли 2019, 15 нафар сарҳадбонони тоҷик ва даҳ нафар сарҳадбонони афғон дар Душанбе курси чорҳафтаинаи таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳоро бомуваффақият хатм карданд. Он дар доираи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори воҳидҳои посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон тавассути рушди ҳамкориҳои минтақавӣ» баргузор карда шуд...
САҲА кормандони ВКД ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистонро оиди идоракунии самараноки лоиҳаҳо меомӯзонад
Publishing date: 17 сентябр 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ва Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) Тоҷикистон дар давраи омӯзишии САҲА оид ба идора намудани лоиҳаҳо ва ҷалби маблағ иштирок карданд. Малакаҳои андӯхтаи иштирокдорон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар сохторҳояшон кӯмак хоҳад кард. Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил шуда, аз 26 август то 13 сентябри соли 2019 баргузор гардид. Дар он афсарони баландрутбаи шӯъбаҳои гуногуни ВКД ва АНМН ширкат варзиданд...
САҲА ва Барномаи рушди СММ утоқи кории нозири милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва идораи Шӯрои ҷамъиятии ВКД-и Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Publishing date: 16 сентябр 2019
10 сентябри соли 2019, Вазири корҳои дохилии (ВКД) Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, масъулини воломақоми ВКД, намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар маросими ифтитоҳи расмии утоқи кории нозири милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва идораи Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Муъминобод иштирок карданд...
САҲА ва Тоҷикистон афзалиятҳои ҳамкориро барои соли 2020 муайян карданд
Publishing date: 28 август 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
23 августи соли 2019 намояндагони САҲА, Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот доир намуданд, то фаъолияти муштараки худро барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор диҳанд...
САҲА ба андешидани тадбирҳои умумидавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди истифодаи Интернет бо мақсадҳои террористӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад
Publishing date: 21 август 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
21 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе омӯзиши серӯзаи назариявии миллӣ дар мавзӯи муқовимат ба истифодаи Интернет бо ҳадафҳои террористӣ оғоз ёфт.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Академияи САҲА дар Бишкек мактаби тобистонаи ҷавононро оид ба баробарии гендерӣ доир намуданд
Publishing date: 19 август 2019
Аз 12 то 17 августи соли 2019, 20 ҷавонони Тоҷикистон- 14 ҷавонзан ва 6 ҷавонмард, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии бақайдгирифташудаи Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд, дар мактаби тобистонаи ҷавонон оид ба баробарии гендерӣ дар Академияи САҲА дар Бишкек, Қирғизистон ширкат варзиданд...
САҲА Форуми сармоягузории Помирро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгирӣ кард
Publishing date: 13 август 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти иқтисодӣ
6 ва 7 августи соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар дастгирии Форуми сармоягузории Помир дар Хоруғ ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иштирок намуд. Форуми дурӯза сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷиро ҷамъ овард, то дар бораи сармоягузорӣ ва амалигардонии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар ВМКБ маълумоти бештар гиранд.