Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ҷаласаи муштарак дар мавриди масъалаҳои бешаҳрвандӣ баргузор намуданд
ШАҲРИТУС, Тоҷикистон, 5 октябри соли 2016 – Имрӯз дар Шаҳритус ҷаласаи машваратии ҳамоҳангсозӣ оид ба масоили бешаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Дафтар дар Тоҷикистон (САҲА) дар якҷоягӣ бо Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаҳои маҳаллии шиносномадиҳӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳо ва инчунин ташкилотҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз шаш минтақаи Тоҷикистон иштирок варзиданд.
Вохӯрии мазкур махсус дар Шаҳритус гузаронида шуд, зеро ин минтақа дорои шумораи нисбатан зиёди шахсоне мебошад, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандӣ надоранд.
Дар соли 2014, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар ҳамроҳӣ бо шарикон аз ҳукумат ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба лоиҳаи миллии худ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бешаҳрвандӣ дар Шаҳритус оғоз бахшиданд. Имрӯз, пас аз ду сол, иштироккунандагон аз ҷониби ҳукумат ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар мавриди кор ва дастгирии шахсоне, ки мақом ва ҳуҷҷати шаҳрвандӣ надоранд, табодули таҷриба намуда, ва ҳамчунин роҳҳои беҳтарини пешбурдро ҷиҳати ҳаллу фасли масоили бешаҳрвандӣ муҳокимаронӣ мекунанд.
«Чорабинии имрӯза ҳам ба САҲА ва ҳам ба Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои беҳтару хубтар дарк намудани моҳият ва андозаи масоили мазкур кӯмак хоҳад расонд» - қайд намуд Фредерике Бер, Корманди Дафтари САҲА оид ба ҳуқуқи инсон. «Дар вохӯрии мазкур таваҷҷуҳи махсус ба табодули таҷоруби пешрафта зоҳир мегардад, ки он метавон ба ҳамаи иштироккунандагон дар мавриди беҳтар намудани кор дар самти масоили бешаҳрвандӣ кӯмак расонд».
Вито Тирани, Намояндаи Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон изҳор намуд: «Агарчи сабаби масоили мазкур пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ё низоъҳо дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон бошад ҳам, табдилшавӣ ба шахси бетабаъа ё худ бешаҳрвандӣ одамонро аз ҳуқуқҳои асосиашон маҳрум месозад. Онҳо метавонанд аз имкониятҳо чиҳати фиристодани кӯдакони худ ба мактаб, харидории молу ашё, фаъолияту кор кардан ва озодона ҳаракат намудан, маҳрум гарданд. Дар ҳолати пешгирӣ намудани бешаҳрвандӣ, мо метавонем садди роҳи камбизоатӣ ва ноумедӣ гардем».
Чорабинии муштараки мазкур яке аз нахустин силсилаи чорабиниҳое ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар чаҳорчуби ташаббусҳо ҷиҳати дастгирии саъю кӯшишҳо дар мавриди ҳифзи гурезаҳо ва шахсони бешаҳрвандӣ ва инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи воқифият оид ба масоили мазкур дар байни бахшҳои ҳукуматӣ ва ғайридавлатӣ, ба нақша гирифта шудааст. Ин вохӯрӣ яке аз қисматҳои доираи васеътари ҷаласаҳо оид ба масоили ҳуқуқи инсон ҳисобида мешавад, ки аз ҷониби дафтарҳои саҳроии САҲА дар Тоҷикистон ташкил гардида, аз тарафи Департаменти андозагирии инсонии Дафтари САҲА ҳамоҳанг карда мешаванд.