Дар семинари САҲА барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои стратегии такмили ихтисос оид ба киберҷинояткорӣ ва далелҳои электронӣ мавриди баррасӣ қарор гардиданд

Рӯзҳои 1 ва 2 май Раёсати таҳдидҳои фаромиллии САҲА дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 20 намояндаи баландпояи ниҳодҳои қудратӣ семинар баргузор намуд. Семинар ба таҳкими иқтидори миллӣ оид ба таълими мунтазам ва устувори касбӣ ва такмили ихтисос оид ба киберҷинояткорӣ ва далелҳои электронӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи ҷиноӣ нигаронида шуда буд.
«Набудани дониш ва малака дар пешбурди тафтишоти ҷиноятӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ яке аз мушкилоти асосии мубориза бо киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои марбут ба далелҳои электронӣ мебошад. Азбаски технологияҳои рақамӣ торафт ташаккул меёбанд ва муҳити ҷиноиро тағйир медиҳанд, доштани усули дарозмуддат ва сохтории таълим ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи ҷиноӣ муҳим аст», - гуфт Татяна Туркан, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе зимни суханронии ифтитоҳӣ.
Иштирокчиён аз Вазорат ва Академия корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ таҳияи чаҳорчӯбаи салоҳиятҳои миллӣ ва стратегияи таълимро баррасӣ карданд. Чаҳорчӯбаи салоҳиятҳо маҷмӯи малакаҳо ва сатҳҳои заруриро барои нақшҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқ ва адолати судии ҷиноятӣ, ки дар тафтишот ва таъқиби киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои марбут ба далелҳои электронӣ иштирок мекунанд, муайян мекунад. Стратегияи таълим нақшаи таҳия ва гузаронидани такмили ихтисосро барои ташаккули салоҳиятҳои зарурӣ, бартараф кардани камбудиҳо дар малакаҳо ва риояи талабот, ки дар чаҳорчӯбаи салоҳиятҳо зикр шудаанд, пешбинӣ мекунад.
Суҳроб Қаландарзода, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт: «Имрӯз тақрибан дар тамоми тафтишоти ҷиноятӣ далелҳои электронӣ нақши рӯзафзун доранд. Бинобар ин, мо як гурӯҳи корӣ таъсис додем, ки тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад».
Доштани барномаҳои таълимии мувофиқ ва такмили ихтисос барои таъмини он, ки мутахассисони ботаҷриба ин расмиёти нави ҳуқуқӣ, аз ҷумла чӣ гуна муайян кардан, ҷамъоварӣ кардан, ҳифз кардан, таҳлил ва пешниҳод кардани далелҳои электрониро, ки ҷузъи асосии системаҳои муосири адолати судии ҷиноӣ мегардад, дарк кунанд ва ба таври муассир татбиқ кунанд, муҳим аст.
Семинар дар пайи чорабинии минтақавӣ дар ин мавзӯъ дар моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуда, дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи минтақавии таҳкими тавонмандии САҲА оид ба мубориза бо киберҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябри соли 2024 оғоз гардида, аз ҷониби Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда шуд.