Омӯзгорони барномаи «Патрулҳои сабз» бо дастгирии САҲА мавриди омӯзиш оид ба таълими экологӣ қарор гирифтанд
Рӯзҳои 10-11 ноябри соли 2025, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо ҳамкории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши дурӯзаро баргузор намуд, ки ҳадафи он тақвияти таълими экологӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ-иштирокчиёни ташаббуси «Патрулҳои сабз» буд.
Омӯзиш дар доираи лоиҳаи ғайрибуҷетии САҲА «Ҷалб намудани ҷонибҳои манфиатдор бабартараф кардани оқибатҳои мероси уран дар Осиёи Марказӣ» (марҳилаи III), ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби САҲА ва БРСММ якҷоя амалӣ карда мешавад, баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳамкории зич бо Созмони ғайриҳукуматии «Гурӯҳи ҷавононоид ба ҳифзи муҳити зист» / Маркази Орхуси Хуҷанд ва мақомоти маҳаллӣ ташкил кардашуд.
Дар чорабинӣ тақрибан 40 нафар иштирокчиён, аз ҷумла омӯзгорони «Патрулҳои сабз», намояндагони мақомоти маҳаллӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва коршиносон иштироккарданд. САҲА дар пешбурди ташаббуси «Патрулҳои сабз», ки ҷавононеро, ки барои пешбурди огоҳии экологӣ ва устуворӣ дар саросари минтақа саъй мекунанд, муттаҳид мекунад, нақши калидӣ мебозад.
Ҳадафи ин омӯзиш тақвияти малакаҳои касбӣ ва методологии омӯзгорони барномаи экологӣ тавассути шинос кардани онҳо бо «Дастурамали иловагии такмилёфтаи таълими экологӣ», усулҳои интерактивии таълим ва воситаҳои гузаронидани мустақилонаи дарсҳо дар доираи барномаи «Патрулҳои сабз» буд.
Иштирокчиён афзалиятҳои миллии экологӣ, усулҳои инноватсионии таълимӣ ва омӯзиширо омӯхтанд ва дар машқҳои амалӣ барои тарҳрезии нақшаҳои дарсӣ ва солонаи тақвимии фаъолиятҳо барои «Патрулҳои сабз»-и муассисаҳои таълимии худ ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур барои омӯзгорон барои табодули таҷриба, муҳокимаи мушкилоти асосӣ дар таълими экологӣ ва тартиб додани роҳҳои ҳалли амалӣ барои ҷалби беҳтари хонандагон платформае фароҳам овард. Иштирокчиён таъкид карданд, ки усулҳои омӯзиши интерактивӣ ва амалӣ, ки ҷорӣ карда шудаанд, ба сайқал додани дониши экологии ҷавонон ва ташаккули эҳсоси масъулияти қавитар барои ҳифзи экологӣ мусоидат мекунанд.
Тавассути омӯзиши мазкур, САҲА ӯҳдадории худро барои дастгирии огоҳии экологӣ, иштироки ҷомеа ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар саросари Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд.