САҲА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар озмоиши камераҳои баданпӯш барои кормандони бозрасии автомобилии шаҳри Душанбе дастгирӣ мекунад
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вазорати корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистонро (ВКД) дар оғози ташаббуси озмоишӣ, ки ба баланд бардоштанишаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудааст, дастгирӣкардааст.
Дар доираи ин ташаббус, Дафтари барномаҳои САҲА 24 камераи баданпӯшро баВазорати корҳои дохилӣ барои истифода аз ҷониби кормандони бозрасии автомобилиишаҳри Душанбе тӯҳфа кард. Аз 3 то 5 ноябри соли 2025, САҲА инчунин бароикормандони бозрасӣ дар бораи чӣ гуна самаранок истифода бурдани технологияи навомӯзиш доир намуд.
Ин ташаббус як қадами муҳим дар такмил додани таҷрибаи ҳифзи ҳуқуқ ва таъминисабти объективии муошират байни кормандон ва мардум мебошад. Интизор меравад,ки истифодаи камераҳои баданпӯш эътимоди мардумро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқафзоиш диҳад ва шаффофиятро дар амалиёти бозрасӣ беҳтар созад. Наворҳоисабтшуда инчунин ҳамчун манбаи арзишманд барои мақсадҳои омӯзишӣ ва тафтишотидохилӣ хизмат хоҳанд кард.
Дастгирии САҲА аз Вазорати корҳои дохилӣ кӯшишҳои пайвастаро ҷиҳати пешбурдишаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҶумҳурииТоҷикистон тақвият медиҳад.