САҲА ба доир намудани ҷаласаҳои тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи идоракунии захираҳои фаромарзии об мусоидат мекунад
17 октябри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Агентии мелиоратсия ва обёрӣ ҷаласаи омӯзишии муқаддимавиро оид ба Созишномаи навтаъйин оид ба идоракунии захираҳои фаромарзии об байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор намуд.
Дар ин чорабинӣ 30 нафар мансабдорон (як зан) аз ҳарду муассиса дар вилояти Суғд ширкат варзиданд. Дар рафти чорабинӣ аҳамияти Созишнома ҳамчун як қадами калидӣ дар таҳкими ҳамкории дуҷониба таъкид гардид.
Ҳадафи ҷаласа баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ тавассути фароҳам овардани дониш ва малакаҳои амалии зарурӣ барои татбиқи самараноки Созишнома дар сатҳи маҳаллӣ буд. Тавассути омӯзиш ва муколамаи кушод, иштирокчиён масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар идоракунии дарёҳои фаромарзӣ, чорчӯбаи ҳуқуқии ҳамкории обӣ, қонунгузории миллӣ оид ба захираҳои об ва идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои обро баррасӣ намуданд.
Бо тақвияти малакаҳои кормандони минтақавӣ, ин ташаббус ба таҳкими ҳамкории наздиктар ва ҳамоҳангӣ байни минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар мусоидат намуда, ба идоракунии устувори захираҳо ва субот дар ҷамоатҳои наздисарҳадӣ саҳм мегузорад
Ин фаъолият ба рисолати САҲА оид ба дастгирии муколама, тақвияти ҳамкорӣ ва мусоидат ба сулҳи пойдор ва рушди устувор дар минтақа мутобиқат мекунад.