САҲА Форуми сеюми байналмилалии ҷавонони ҳавзаи Сирдарёро дастгирӣ кард

11 октябри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Форуми сеюми байналмилалии ҷавонони ҳавзаи Сирдарёро дастгирӣ намуд, ки дар он зиёда аз 248 иштирокчии ҷавон (143 зан ва 105 мард) аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.
Ҳадафи форум баланд бардоштани саводнокии экологӣ тавассути машқҳои амалӣ, мубоҳисаҳо ва семинарҳо, ҳамзамон мусоидат ба роҳбарии ҷавонон дар соҳаҳои идоракунии устувори об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ буд. Иштирокчиён инчунин арзишҳои Эъломияи Хуҷандро таблиғ намуда, роҳҳои густариши ҳаракати «Патрулҳои сабз»-ро дар дигар ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхтанд.
Дар чорабинӣ аҳамияти ҷалби ҷавонон ҳамчун мутахассисони оянда ва саҳмгузорони фаъол ба идоракунии самараноки захираҳои об, мувофиқи ӯҳдадориҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти экологӣ ва мусоидат ба тавонмандсозии ҷавонон таъкид гардид.