Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаласаи солонаи Платформаи шарикиро бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард
Рӯзи 2 октябри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҷаласаи солонаи Платформаи шарикиро доир намуд, ки дар он ҳудуди 80 ширкаткунанда – намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони САҲА дар ҳар се ҷанбаи амният гирд оварда шуданд.
Мулоқот ҳамчун имконияти баррасии дастовардҳои Дафтари барномаҳо дар соли 2025 ва муайян кардани афзалиятҳои стратегии ҳамкорӣ дар соли 2026 хизмат кард. Музокирот ба фаъолияти САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи се ҷанбаи муносибати ҳамаҷониба ва ба ҳамкорӣ асосёфтаи САҲА ба амният: ҷанбаҳои сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисодӣ ва муҳитзистӣ, инчунин ҷанбаи инсонӣ, бо таваҷҷӯҳ ба имкониятҳои манфиатбахш барои соли 2026 равона карда шуд.
Кейт Фирон, Директори Маркази САҲА оид ба пешгирии низоъҳо ва Муовини раиси Котиботи САҲА иброз дошт: “Ин ҳамоиш моҳияти он чизеро, ки САҲА барои ноил шудан ба он кӯшиш мекунад - иштироки муштарак, муколамаи шаффоф ва ӯҳдадории муштарак барои пешбурди амният, субот ва ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи васеътари Осиёи Марказӣ ифода мекунад”.
Ҷамшед Ҳомидзода, Сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти баргузории чорабиниро таъкид намуда, гуфт: “Чорабинии имрӯза барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта баҳри амалисозии нақшаҳои минбаъда воситаи беҳамтост. Нишасти мазкур ба мо имкон медиҳад, ки нисбат ба чолишҳову мушкилоти мавҷуда тадбирҳои муассирро рӯйи даст оварда, барои боз ҳам самараноктар амалӣ намудани мақсаду мароми кишвар дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди устувор замина муҳайё созем”.
“Дар шароити номуайянии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, арзиши шарикии устуворро наметавон аз ҳад зиёд арзёбӣ кард. Ин платформаи солона беш аз сирф раванди гузоришдиҳӣ аст - он як фазоест барои мулоҳиза, муколама ва банақшагирии муштарак. Ин як имконест барои арзёбии он, ки чӣ гуна мо метавонем ҳамкориҳои худро ба афзалиятҳои тағйирёбандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои то соли 2026 ва берун аз он мутобиқ созем”, гуфт Татяна Туркан, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Платформаи шарикӣ, ки соли 2018 таъсис ёфтааст, ҳамчун як форуми калидӣ барои муколамаи ошкоро, шаффофият ва моликияти маҳаллӣ хизмат мекунад. Дар ҷаласаи имсола, ки ҳафтумин аст, кори Дафтари барномаҳои САҲА дар доираи васеи соҳаҳо, аз назорати аслиҳа ва идоракунии сарҳад то коҳиши хатари офатҳои табиӣ, идоракунии самаранок, муқовимат ба хариду фурӯши одамон ва баробарии гендерӣ қайд карда шуда, ҳамзамон дурнамои васеъ намудани самтҳои ҳамкорӣ дар соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба ҳамкории зич бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони он ҷиҳати таъмини мувофиқати пурраи фаъолияти оянда ҳам ба ваколатҳои Дафтари барномаҳо ва ҳам ба афзалиятҳои кишвари мизбон содиқ мемонад.