Иттиҳоди Аврупо ва САҲА курси «Таҳкими иқтидори амалиётии саҳроӣ»-ро барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба итмом расонданд

Аз 25 август то 19 сентябри соли 2025 дар дастаи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, омӯзиши чорҳафтаина баргузор гардид.
Таҳти роҳбарии устодони ботаҷрибаи миллӣ, омӯзиш доираи васеи мавзӯъҳои амалиётӣ, аз ҷумла топография, расонидани ёрии аввалия дар ҳолати бардоштани ҷароҳатҳои ҷангӣ, посбонии амалиётӣ, қоидаҳои миллии сарҳадбонӣ, огоҳии гендерӣ, арзёбии хатарҳо ва навиштани ҳисоботи посбониро дар бар гирифт.
Барномаи таълимӣ инчунин модулҳои махсусро оид ба ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, бо таваҷҷӯҳи махсус ба ҳуқуқ ва муносибат бо боздоштшудагон ва гурезагон дар бар гирифт. Дар ҳамкорӣ бо устодони ЮНИСЕФ ва Комиссариати СММ оид ба гурезагон, иштирокчиён оид ба кор бо муҳоҷирони калонсол ва кӯдакон дониши амалӣ гирифтанд. Онҳо инчунин бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи амнияти сарҳадӣ шинос шуданд.
Ин ташаббус ӯҳдадории доимии Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро оид ба таҳкими амнияти сарҳадӣ ва тавонмандии институтсионалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳои ҳамаҷонибаи ба шароитҳои маҳаллӣ мутобиқшуда нишон медиҳад.