Иттиҳоди Аврупо ва САҲА омӯзиши «Ташкили амнияти сарҳадӣ»-ро барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расониданд

Аз 1 то 19 сентябри соли 2025 дар чорчӯбаи лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришудаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) омӯзиши сеҳафтаина баргузор гардид.
Дар ҷараёни омӯзиш, таҳти роҳбарии устодони ботаҷрибаи миллӣ малакаҳои иштирокчиён дар ҳалли мушкилот, фармондеҳӣ ва назорат, усулҳои дастурдиҳӣ, идоракунии иттилоот ва хатарҳо, огоҳии гендерӣ, банақшагирии амалиёт ва тамринҳо, инчунин назорат, иҷро ва дарки равандҳои қабули қарорҳо дар амалиёти таъмини амнияти сарҳадӣ такмил дода шуданд.
Илова бар ин, иштирокчиён дар машғулиятҳои интерактивии аз ҷониби коршиносони Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон ва ЮНИСЕФ доиргардида иштирок намуданд. Онҳо ба стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, усулҳои ба эҳтиёҷоти кӯдакон мутобиқшуда ва таҷрибаи пешқадам дар кор бо муҳоҷирон ва гурезаҳо нигаронида шуда буданд.
Ин фаъолият ӯҳдадории муштараки Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро оид ба таҳкими иқтидори сарҳадбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии усулҳои мустаҳками ба шароитҳои маҳаллӣ мутобиқшудаи таъмини амнияти сарҳадӣ ва рушди институтсионалӣ инъикос мекунад.