Музокироти ҷавонони Осиёи Марказӣ ва Туркия: Мусоидат ба муколамаи минтақавӣ, ҳамкорӣ ва инноватсияҳо
Рӯзҳои 11-18 августи соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Бишкек, Ҳамоҳангсози лоиҳаи САҲА дар Ӯзбекистон ва бо дастгирии Шабакаи минтақавии ҷавонон бо роҳи консенсус дар шаҳри Истамбули Туркия “Музокироти ҷавонони Осиёи Марказӣ ва Туркия”-ро доир намуд. Ин чорабинии фаробахшӣ як платформаи минтақавӣ барои ҷавонони фаъоли минтақаи Осиёи Марказӣ ва Туркия барои баррасии масъалаҳои марбут ба таҳкими муколамаи ҷавонон, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва рушди имкониятҳои шабакавӣ барои рушди ояндаи минтақа фароҳам овард.
Дар рафти чорабинӣ 21 нафар ҷавонон (12 зан ва 9 мард) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон якҷоя дар таҳияи лоиҳаҳое кор карданд, ки метавонанд нақши ҷавононро дар се самти соҳавӣ: гендер ва амният, саводнокии молиявӣ, рақамисозӣ ва мубориза бо коррупсия мусоидат кунанд. Иштирокчиён имкон доштанд, ки бо намояндаи яке аз ширкатҳои технологии туркӣ мулоқот намуда, аз таҷрибаи таҳияи қарорҳои технологии инноватсионӣ омӯзанд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими чорабинӣ Рӯзи музокироти ҷавонон буд, ки ба мубодилаи таҷрибаҳои ҳамсолон бахшида шудааст. Ҷавонони фаъоли Осиёи Марказӣ ва Туркия маҳорати худро барои иштирок дар қабули қарорҳо тақвият бахшиданд, нақши ҷавононро дар сулҳу амният муҳокима карданд ва мушкилотеро, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, омӯхтанд. Онҳо табодули фикру ақида намуданд ва дар таҳияи лоиҳаҳои муштарак барои дастгирии пешрафт дар ҷомеаҳои худ кор карданд. Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки барқарор намудани робитаҳои фаромарзии ҷавонон барои тавсеаи дониш, бунёди шабакаҳо, густариши ҳамкориҳо ва пешбурди тағйироти мусбат дар минтақа аҳамияти калон дорад.