Сафири вижаи Роҳбари амалкунандаи САҲА Терҳи Ҳакала ба Тоҷикистон сафар мекунад
Душанбе, Тоҷикистон, 11 сентябри соли 2025 — Сафири вижаи Роҳбари амалкунандаи САҲА хонум Терҳи Ҳакала бо мақсади тасдиқи ҷонибдории САҲА аз дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои амнияти сарҳадӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, ва инчунин ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар мекунад.
Дар давоми сафари серӯзаи худ, ки аз 11 то 13 сентябр сурат мегирад, cафир Ҳакала бо мақомоти баландпояи ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикон мулоқот карда, пешрафтро дар самти афзалиятҳои муштараки САҲА ва Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард. Ӯ ба лоиҳаи пешсафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе – Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ ва Маркази захиравии занон, ки аз ҷониби САҲА дар вилояти Хатлон дастгирӣ мешавад, ташриф меоварад.
Сафари cафир Ҳаrаларо ба Тоҷикистон дар саҳифаҳои Facebook, Instagram ва X-и САҲА пайгирӣ кунед: https://www.facebook.com/OSCETajikistan, https://www.instagram.com/oscedushanbe/, https://x.com/OSCEDushanbe