Иттиҳоди Аврупо ва САҲА омӯзиши «Тақвияти малакаҳои тиббӣ»-ро барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонданд

Аз 14 июл то 8 августи соли 2025 Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе (САҲА) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (ИА) омӯзиши «Тақвияти малакаҳои тиббӣ»-ро доир намуд. Дар ин омӯзиш 30 нафар (17 зан ва 13 мард) афсарон дар беморхонаи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Ҳуҷанд, вилояти Суғд иштирок намуданд.
Омӯзиш ба тибби саҳроӣ бо фарогирии мавзӯъҳои аз қабили муолиҷаи захмҳо (захмбандӣ), беҳдошт ва бемориҳои сироятӣ, тахлияи осебдидагон, ҷароҳатҳои иқлимӣ ва ихтилоли стресси равонӣ пас аз осебёбӣ нигаронида шуда буд. Ҳадафи ин модулҳо муҷаҳҳаз кардани афсарон бо малакаҳои амалӣ ва наҷотбахши ҳаёт, ки ба воқеияти амалиётии хадамоти сарҳадӣ мутобиқ карда шудаанд. Омӯзиши мазкур дар чаҳорчӯби марҳилаи сеюми лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» сурат гирифт. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ шуда, то имрӯз ба маблағи беш аз 7,8 миллион евро кумак расонидааст.
Машғулияти алоҳида бо шарикон аз Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон ва ЮНИСЕФ барои баррасии дурнамоҳои башардӯстона ва ҳифзи кӯдакон ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ дар шароити фавқулодда ва саҳро имконият фароҳам овард.
Иттиҳоди Аврупо ва САҲА ба баланд бардоштани омодагии амалиётӣ ва устувории Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд.