Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии омӯзиши минтақавӣ оид ба безараргардонии маводи тарканда баргузор гардид
Аз 23-юми июн то 11-уми июли соли 2025 дар Маркази минтақавии таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартарафкунии хатарҳои маводи тарканда (Маркази таълимӣ) марҳилаи сеюм ва ниҳоии омӯзиши минтақавӣ оид ба безараргардонии маводи тарканда (EOD) Сатҳи 3 баргузор гардид. Барномаи пуршиддати сеҳафтаина маҳорати назариявӣ ва амалии 16 нафар (14 мард ва 2 зан) намояндагони Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври назаррас такмил дод. Дар омӯзиш ҳамчунин намояндагони вазоратҳои мудофиа ва қӯшунҳои сарҳадии Қазоқистон ва Туркманистон, инчунин намояндагони Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ва Кӯмаки мардумии Норвегия (NPA) ширкат доштанд.
Иштирокчиён дар бораи чораҳои бехатарӣ ҳангоми минарӯбии башардӯстона, бартараф, интиқол додан ва нобуд кардани маводи тарканда таълими ҳамаҷониба гирифтанд. Барномаи таълимӣ тартиботи безарар ва нобуд кардани як қатор намудҳои мушаххаси муҳимоти тарканда ва инчунин усулҳои махсус, аз қабили усулҳои тасмавӣ ва хаттӣ, амалиёт бо ғайрифаъолкунандаҳо ва калидҳои мушакиро дар бар мегирад. Тамоми омӯзиш мувофиқи Стандартҳои байналмилалии амалиёти зидди минаҳо (IMAS) гузаронида шуданд. Ин фаъолият ба ҳадафи Лоиҳаи «Ҳамкории ҳамгирошуда оид ба хатарҳои маводи тарканда»-и (ICExH) Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мусоидат намуд, ки ҳадафи он беҳтар намудани бехатарии умумӣ ва идоракунии хатарҳои маводи тарканда дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Мувофиқи ҳадафи лоиҳа оид ба ноил шудан ба худтаъминкунии Маркази таълимӣ, омӯзиш аз ҷониби роҳбаладони Маркази таълимӣ бо мониторинг ва роҳнамоии устодони Лоиҳаи ICExH ва намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Белгия (BEL ACOS) гузаронида шуд. Ин усул дониши мустаҳками устодони Маркази таълимӣ ва таҷрибаи афзояндаи амалиёти безараргардонии маводи таркандаро нишон дод, дар ҳоле ки мониторинг идоракунии сифати курс ва мувофиқатро бо натиҷаҳои пешбинишудаи лоиҳа таъмин намуд.
11 июл маросими пӯшидашавӣ баргузор гардид, ки дар он Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Татяна Туркан; муовини якуми Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Одиназода Мусо Неъмат; Директори Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо генерал-майор Муҳаббат Иброҳимзода; ва капитан Ҷошуа Д. Маканналли, Мушовири робитаҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дафтари ҳамкориҳои низомии (OMC) Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дафтари барномаҳои САҲА дастгирии моддию техникӣ ва молиявиро барои омӯзиш таъмин намуд ва маблағгузорӣ тавассути саҳмҳои ғайрибуҷетии ИМА ва Олмон ба Лоиҳаи ICExH имконпазир гардид.
Анҷоми бомуваффақияти омӯзиш оид ба безараргардонии маводи тарканда Сатҳи 3 як қадами муҳим дар таҳкими тавонмандиҳои минтақавӣ барои рафъи хатарҳои маводи тарканда ва таҳкими муҳити бехатар дар Осиёи Марказӣ мебошад.