САҲА бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ чаҳор камераи назорати видеоӣ тақдим намуд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар чаҳорчӯбаи марҳилаи сеюми лоиҳаи “Босуботгардонии минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ 4 адад камераи назорати видеоӣ тақдим намудааст.
Дар маросими тақдим роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, , сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Раймундас Кароблис ва Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Татяна Туркан ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки дастгирии Иттиҳоди Аврупо на танҳо дар таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, балки дар тамоми минтақа нақши муҳим дорад. Дар ин замина ӯ ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин соҳа даъват намуд.
Сафири Иттиҳоди Аврупо таъкид кард: “Ин иқдом ӯҳдадории муштараки Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро оид ба таҳкими амният ва баланд бардоштани самаранокии амалиёт дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон инъикос мекунад”.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки чунин дастгирӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини назорати доимӣ дар шароити обу ҳавои гуногун, ки махсусан барои минтақаҳои душворгузари назоратнашаванда муҳим аст, мусоидат хоҳад кард. Ба шарофати назорати дурдаст ин камераҳо имкон медиҳанд, ки ба ҳар гуна тағйирот дар вазъият зуд вокуниш нишон дода шуда амалиёти воҳидҳо ҳамоҳанг карда шавад.
Илова бар ин, ба Ҷаноби олӣ Раймундас Кароблис дар бораи наҷоти қаблии моҳигири маҳаллӣ аз дарёи Панҷ, пас аз он, ки наворбардори қӯшунҳои сарҳадӣ ӯро дар ҳолати фавқулодда пай бурд ва ба воҳиди нерӯҳои сарҳадӣ барои расонидани кӯмак хабар дод, маълумот дода шуд.