Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА маъракаи умумимиллии “Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ, оворагардӣ ва авбошӣ”-ро баргузор мекунанд

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД) дар ҳамдастӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи фаҳмондадиҳии «Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ, оворагардӣ ва авбошӣ»-ро бомуваффақият амалӣ менамояд.
Аксияи мазкур аз 11 то 26 июни соли 2025 баргузор гардида, дар саросари ҷумҳурӣ як қатор ҷаласаҳои иттилоотӣ ва мусобиқаҳои варзиширо дар бар мегирад, ки ҳадафи он пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва ҷиноятҳои марбут ба ҷавонон тавассути семинарҳо мебошад.
Ташаббус ба тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон тавассути семинарҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳӣ равона шудааст. Машғулиятҳои таълимӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати мубориза бар зидди нашъамандӣ дар баробари равоншиносони Хадамоти тиббии Вазорати корҳои дохилӣ гузаронида мешаванд. Дар баробари ин, аз ҷониби Ҷунбиши варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои футболи хурд, волейбол, шоҳмот, шашка ва ҳунарҳои ҳарбӣ ташкил карда мешаванд.
Дар ин маърака беш аз 500 нафар ҷавонон (тақрибан 380 мард, 120 зан), аз ҷумла донишҷӯёни мактабҳои махсуси ҷавонони зери хатар ва ғолибони озмун аз шаҳру навоҳии Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Фархор ширкат мекунанд. Дафтари барномаҳо ин маъракаро тавассути пешниҳоди таҷҳизоти варзишӣ, тӯҳфаҳо, ҷоизаҳо, маводи чопӣ ва лавҳаҳои таблиғотии Вазорати корҳои дохилӣ дастгирӣ мекунад. Аксияи мазкур рӯзи 26-уми июн дар ноҳияи Фархор ҳамзамони таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷамъбаст мегардад.
Маъракаи мазкур сатҳи огоҳии мардумро дар бораи хатарҳо ва оқибатҳои истеъмоли маводи мухаддир бо таваҷҷӯҳи хоса ба ҷавонон афзоиш медиҳад. Он ҷавононро ба худдорӣ аз оворагардӣ ва пешгирии даст задан ба қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ даъват менамояд.