САҲА тавассути омӯзиши платформаи “Картотека” малакаҳои рақамии кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил дод
Моҳҳои апрел то июни соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази рақамисозии бахши нақлиёти назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар платформаи рақамии «Картотека» як силсила омӯзишҳои амалӣ ташкил намуд. Дар барномаи таълимӣ ҳамагӣ 105 корманди Вазорат (34 зан ва 71 мард) аз саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Ҳисор, Бохтар, Ғарм, Хуҷанд ва Хоруғ ширкат варзиданд.
Ин ҷаласаҳо барои таҳкими маҳорати техникии иштирокчиён дар идоракунии платформаи “Картотека”, ки аз ҷониби САҲА дар соли 2024 бо мақсади беҳтар намудани ҳамоҳангсозии рақамӣ дар дохили Вазорат таҳия шудааст, тарҳрезӣ шудаанд. Платформа ҳамчун воситаи калидӣ барои ба тартиб даровардани иртибот ва идоракунии захираҳо дар идораҳои марказӣ ва минтақавии Вазорати нақлиёт ва баланд бардоштани шаффофият дар пайгирии таҷҳизоти вазнини роҳсозӣ ва дороиҳои марбута хизмат мекунад.
Дар рафти омӯзиш иштирокчиён дастурҳои амалӣ оид ба дастрасӣ ва иҷозати воридшавӣ ба система, модулҳои барномаҳо, амалиёти анборҳо ва хусусиятҳои мониторинги захираҳои платформа гирифтанд. Барои арзёбии натиҷаҳои омӯзиш, иштирокчиён мавриди баҳодиҳии ниҳоӣ қарор гирифтанд, ки дар он зиёда аз 80 дарсади иштирокчиён аз 10 баҳои 8 ё баландтар гирифтаанд, ки аз дарки қавии вазифаҳо ва қобили истифода будани платформа гувоҳӣ медиҳад. Ин сатҳи баланди муваффақият сатҳи устувори саводнокии рақамиро дар байни кормандони Вазорати нақлиёт инъикос мекунад ва барои ҳамгироии минбаъдаи институтсионалӣ ва истифодаи платформа заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
Бо такя ба ин пешрафт, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирии худро дар нимаи дуюми соли 2025 бо ҷалби як гурӯҳи коршиносони маҳаллии технологияҳои иттилоотӣ барои ба итмом расонидани модули баҳисобгирии платформа ва таъмини қобилияти пурраи фаъолияти системаи “Картотека” идома медиҳад.