САҲА барои кормандони боломақоми милитсияи шаҳри Хуҷанд омӯзиши иловагӣ оид ба вокуниши ба ҷабрдида нигаронидашуда ба хушунати хонаводагӣ баргузор кард

Аз 11 то 12 июни соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд курси таълимии дурӯза доир намуд. Чорабинии мазкур дар пайи ҳамин гуна омӯзише, ки моҳи май дар вилояти Хатлон баргузор шуда буд, сурат гирифт.
Дар курси мазкур 18 нафар афсарони боломақоми милитсия – ҳама мардон – намояндагони ҷузъу томҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати вилоят ва шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Б.Ғафуров иштирок намуданд.
Омӯзиш дониши иштирокчиёнро дар бораи асосҳои қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, баробарии гендерӣ ва расмиёти милитсия ҷиҳати сари вақт муайян кардан, бозравонӣ кардан ва ҳифзи ҷабрдидагон беҳтар намуд. Диққати махсус ба баровардани фармонҳои муҳофизатӣ, гузаронидани тафтишот дар асоси далелҳо ва татбиқи усулҳои ба ҷабрдида нигаронидашуда дар кори милитсия дода шуд. Дар курс инчунин нақши идоракунии милитсия дар пешгирии зӯроварӣ дар оила ва озори ҷинсӣ, усулҳои ба ҷабрдида нигаронидашуда дар кори милитсия баррасӣ карда шуд.
Ҳадафи омӯзиш саҳмгузорӣ ба вокунишҳои беҳтари милитсия, ҳифзи беҳтари наҷотёфтагон ва бозравонии муассир ба таъминотчиёни хизматрасонии дахлдор бо назардошти афзалиятнокии эҳтиёҷоти онҳо мебошад.