САҲА бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо курси «Таълими роҳбаладон»-ро барои афсарзанони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд

Аз 19 май то 7 июни соли 2025, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар доираи марҳилаи 3-юми лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ мешавад, барои 20 афсарзани Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Пойтахт» курси таълими роҳбаладонро баргузор намуд.
Ҳадафи ин курс омода кардани иштирокчиён ба сифати роҳбаладони ҷустуҷӯи маълумот бо назардошти омилҳои гендерӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо малакаҳои умумӣ ва махсуси таълимӣ барои чорабиниҳои омӯзишии оянда дар воҳидҳои худ буд.
Дар курс инчунин коршиносони Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон, барномаи BOMCA, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ки дар бораи ҳуқуқҳои инсон ва чаҳорчӯбҳои ҳуқуқии баназаргирандаи ҷанбаҳои гендерӣ брифингҳо пешниҳод карданд, саҳмгузорӣ карданд.
Ин ташаббус тааҳҳудоти доимии Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро барои идоракунии фарогир ва касбии сарҳад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мекунад.