САҲА ташаббусҳои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётиро дар Осиёи Маркази дастгирӣ мекунад
Рӯзҳои 26 ва 27 майи соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои сатҳи баландро, ки ба густариши робитаҳои нақлиётӣ ва мусоидат ба тиҷорат дар саросари Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд, дастгирӣ намуд. Се чорабинӣ Ҷаласаи Гурӯҳи коршиносон оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба соддагардонии алоқаи нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи дуюми кории сатҳи баланд оид ба алоқаи рақамии долони мултимодалии Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи системаи e-TIR дар Осиёи Марказӣ иборат буд.
Якҷоя, чорабиниҳо зиёда аз 120 иштирокчӣ (34 зан ва 86 мард), аз ҷумла мансабдорони давлатӣ, намояндагони хадамоти гумрукӣ, коршиносони техникӣ ва шарикони рушдро ҷамъ оварданд. Музокирот ба пешбурди талошҳои минтақавӣ ҷиҳати соддагардонии расмиёти ҳамлу нақли фаромарзӣ, густариши долонҳои мултимодалӣ ва суръат бахшидан ба табдили рақамии амалиёти боркашонӣ нигаронида шуд.
Иштирокчиён аҳамияти кам кардани хароҷоти тиҷоратӣ, баланд бардоштани устувории занҷири таъминот ва мусоидат ба интиқоли бемонеаи молҳо дар долонҳои Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва Чинро қайд карданд. Таваҷҷӯҳи хоса ба нақши афзояндаи рақамисозӣ, аз ҷумла ҳамгироии системаҳои электронӣ, ба мисли e-CMR ва e-TIR, зоҳир карда шуд. Ин воситаҳо шаффофият, дақиқӣ ва самаранокиро дар расмиёти гумрукӣ ва транзитӣ мусоидат намуда, ҳамзамон робитаи бештарро бо Долони (Коридори) Миёна ва Иттиҳоди Аврупо фароҳам меоранд.
Гурӯҳи корӣ оид ба низоми e-TIR, ки рӯзи 27 май баргузор шуд, мақомоти гумрукро аз саросари минтақа барои арзёбии пешрафти миллӣ дар татбиқи система ҷамъ овард. Иштирокчиён аҳамияти ҳамоҳангсозии ҷонибҳои манфиатдорро барои гузаронидани ҳамлу нақли озмоишии бор бо истифода аз барномаҳои миллии системаи e-TIR таъкид карданд, ки ба баҳогузорӣ ва такмили ин платформаҳои рақамӣ имкон медиҳад.
Чорабиниҳо ҳамчунин нақши фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус ба ҳайси раиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) инъикос намуданд. Натиҷаҳои асосии се чорабинӣ қабули Нақшаи амал оид ба суръат бахшидан ба рақамисозии ҳамлу нақли борҳо дар долони байналмилалии нақлиётии Чин – Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия – Аврупо барои давраи солҳои 2025–2030, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи соли 2023 оид ба таҳкими ҳамлу нақли заминӣ дар Осиёи Марказӣ буд, ки дар он афзалиятҳои стратегӣ барои рушди алоқаи рақамӣ ва ҳамгироӣ дар саросари минтақа муайян карда шуданд.