САҲА ҷаласаи 2-юми Гурӯҳи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд оид ба рушди тиҷорат ва бахши хусусиро даъват намуд
20 майи соли 2025 дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаласаи семоҳаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба рушди макроиқтисод, бахшҳои хусусӣ ва молиявӣ ва мусоидат ба савдои минтақавӣ баргузор гардид. Гурӯҳи корӣ бахше аз Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд, ниҳоди асосии ҳамоҳангсози танзими кори ҷомеаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин нишаст ба масъалаи соддагардонии тиҷорат таваҷҷӯҳ зоҳир шуда, фаъолияти Кумитаи амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини мутобиқати молҳои содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии сифат баррасӣ шуд. Кумита бахшҳои муҳими таҳти назорати онҳо марбут ба амнияти ғизоӣ ва содироти мол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тадбирҳои байторӣ ва фитосанитарӣ, тухмипарварӣ ва чорводориро мушаххас кардааст.
Ҳамоиш 12 нафар иштирокчиён (4 зан ва 8 мардро) ҷамъ овард, ки дар бораи ташаббусҳои охирини созмонҳои худ маълумот доданд ва имкониятҳои нави шарикӣ ва ҳамоҳангиро бо мақсади кушодани имкониятҳои нави тиҷоратӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхтанд.
Ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ ҳар семоҳа баргузор мешаванд.