САҲА вохӯрии ҳамоҳангсозии занони нав интихобшуда ва шарикони рушдро дастгирӣ кард
20 майи соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе вохӯрии ҳамоҳангсозиро байни аъзои тозаинтихобшудаи Иттиҳоди (Альянси) занони парлумон, ки 23 занро дар бар мегирад, бо намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ниҳодҳои рушд доир намуд.
Дар вохӯрӣ ба шарикони миллӣ ва байналмилалӣ ҳам аъзои нави Иттиҳод ва ҳам нақшаи кории Иттиҳод барои солҳои 2025-2026 муаррифӣ карда шуд. САҲА ва Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) мисолҳои ҳамкории муваффақ бо Иттиҳодро аз соли 2021 то 2024 муаррифӣ намуда, дастовардҳоро дар самти танзими гендерӣ ва ислоҳоти қонунгузорӣ таъкид карданд.
Шарикони рушд инчунин аз фурсат истифода бурда, нуқтаҳои эҳтимолии ибтидоии ҳамкориҳои оянда бо Иттиҳодро баррасӣ намуда, бахусус ба қонунгузории баназаргирандаи ҷанбаҳои гендерӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ барои танзими гендерӣ дар равандҳои парлумонӣ таваҷҷӯҳ карданд.