САҲА тавонмандии мутахассисони ҷавони соҳаи обро барои дастгирии Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 2040 тақвият медиҳад
Аз 16 то 18 майи соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи серӯзаи таълимиро дар шаҳри Норак бомуваффақият ба анҷом расонд, ки ҳадафи он таҳкими малакаи мутахассисони ҷавон дар соҳаи об мебошад. Чорабинии мазкур 25 иштирокчӣ, аз ҷумла шаш занро, аз сатҳҳои гуногуни таҳсилот, аз ҷумла донишҷӯёни курсҳои болоӣ, ки дар соҳаи об касб мекунанд, мутахассисони навомӯз ва коршиносони сатҳи миёна, аз қабили устодони донишгоҳҳоро гирди ҳам овард.
Машғулиятҳои таълимӣ барои баланд бардоштани таҷрибаи техникии иштирокчиён дар соҳаҳои идоракунии муштараки захираҳои об, қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар бораи об, ҳамкории минтақавӣ дар дарёҳои фаромарзӣ ва таҷрибаҳои обёрии кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳадафи ин ташаббус инчунин ҷалби мутахассисони ҷавон ба бахши об бо нишон додани саҳми муҳими он дар рушди устувор ва доираи имкониятҳои касбии мавҷуда буд. Иштирокчиён инчунин дар боздид аз мавзеи сарбанди НОБ-и Норак ширкат варзиданд, то бо иншоотҳои бузурги инфрасохтории обӣ шинос шаванд.
Мутобиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2040, барнома усули омӯзиши чанднаслиро барои баланд бардоштани иқтидори техникӣ, мусоидат ба омӯзиш аз ҳамтоён ва табодули дониш байни мутахассисони навомӯз ва ботаҷриба пеш гирифт.