САҲА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизот ҳадя намуд
16 майи соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар маросими расмӣ дар Душанбе ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизот ҳадя намуд.
Ҳадя 34 адад компютер ва 10 принтерро дар бар гирифта буд, ки ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва марказҳои таълимӣ барои баланд бардоштани иқтидори техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ тақсим карда мешаванд. Ҳадафи ин саҳм таҳкими сифати омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани қобилияти онҳо дар муайян кардан ва вокуниши муассир ба таҳдидҳо ва хатарҳои сарҳадӣ мебошад. Барои таъмини устуворӣ, илова бар хайрия омӯзиш ва дастгирии доимӣ дар соҳаҳои асосӣ, аз қабили амнияти сарҳадӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва пешгирии фаъолиятҳои ғайриқонунӣ таъмин карда мешавад.
Илова бар ин, САҲА як трейлери сайёри дезинфексионӣ ва душро тақдим намуд, ки ин махсусан муҳим аст, зеро дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон отрядҳо ва дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ бунёд мешаванд. Иншооти нави сарҳадии мазкур дар манотиқи дурдасти кишвар ҷойгир шудаанд ва шояд дар аввал иншооти доимии беҳдоштӣ надошта бошанд, ки имкониятҳои сайёрро барои таъмини тансиҳатӣ ва некӯаҳволии кормандон муҳим мегардонанд.
Ин иқдом як қисми дастгирии чандсолаи Дафтари барномаҳои САҲА барои таҳкими тавонмандии амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба татбиқи босамари Стратегияи миллии идоракунии сарҳад дар кишвар мебошад.