САҲА ба афсарони боломақоми милитсияи вилояти Хатлон дар бораи вокуниш ба зӯроварӣ дар оила бо назардошти манфиатҳои ҷабрдида таълим дод
Аз 14 то 15 майи соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон омӯзиши дурӯза баргузор намуд. Дар ин курс 20 афсари боломақоми милитсия – ҳама мардон, ки сарварии шӯъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсатҳои минтақавии ВКД-ро ба ӯҳда доранд, иштирок намуданд.
Иштирокчиён дониши худро дар бораи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, баробарии гендерӣ, амалҳои мурофиавии милитсия оид ба сари вақт муайян кардан, бозравонӣ кардан ва ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, аз ҷумла додани фармонҳои муҳофизатӣ ва гузаронидани тафтишот дар асоси далелҳо такмил доданд. Дар курси таълимӣ ҳамчунин нақши роҳбарияти милитсия дар пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таъқиботи ҷинсӣ, инчунин усулҳои ба ҷабрдида нигаронидашуда дар кори милитсия баррасӣ шуд.
Ҳадафи омӯзиш саҳмгузорӣ ба вокунишҳои беҳтари милитсия, ҳифзи беҳтари ҷабрдидагон ва бозравонии муассир ба таъминотчиёни хизматрасонии дахлдор бо афзалият додан ба эҳтиёҷоти онҳо мебошад.