Ҷавонони тоҷик барномаи таълимиро оид ба баробарӣ ва пешгирии табъиз, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ шудааст, хатм карданд

13 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе курси серӯзаи таълимӣ оид ба пешгирии табъиз ба анҷом расид, ки 21 нафар ҷавонон (8 зан ва 13 мардро) ҷамъ овард. Дар омӯзиш ба малакаҳои амалӣ оид ба гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, мубориза бо табъиз дар ҳаёти ҳаррӯза ва ғайра таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Он машғулиятҳои интерактивӣ, бозиҳои нақшофарӣ ва мубоҳисаҳо оид ба мушкилоти ҷорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро дар бар гирифт.
Барномаи таълимӣ машғулияти ниҳоии як қатор курсҳои таълимӣ буд, ки САҲА аз моҳи октябри соли 2024 то апрели соли 2025 баргузор карда буд. Ба иштирокчиён фаъолони ҷавон, ҳуқуқшиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аъзои марказҳои минтақавии захиравии занон шомил буданд, ки ӯҳдадории умумии пешбурди баробарӣ, фарогирӣ ва ҳуқуқи инсонро дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма доранд.
Иштирокчиён бо санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъизи нажодӣ ва дигар созишномаҳои асосии ҳуқуқи инсон шинос шуданд. Онҳо инчунин қонунгузории миллӣ, бахусус Қонун «Дар бораи баробарӣ» ва механизмҳои татбиқи онро омӯхтанд.
Курсҳои таълимии мазкур дар доираи кӯшишҳои васеътари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷиҳати дастгирии кишвари мизбон дар пешбурди огоҳӣ аз Қонун «Дар бораи баробарӣ» ва механизми зидди табъизи он мебошанд.