САҲА кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳкими ҳифзи табиат дар минтақаҳои муҳофизатшаванда дастгирӣ кард
9 апрели соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”-и назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист 20 адад смартфони муҷаҳҳаз бо системаи SMART (Асбоби мониторинг ва гузоришдиҳии фазоӣ - Spatial Monitoring and Reporting Tool) супорид.
Системаи SMART ба ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар вақти воқеӣ мусоидат намуда, барои қабули қарорҳои огоҳона дар идоракунии ҳифзи табиат имкон медиҳад. Ин ташаббуси муҳим Муассисаи давлатиро дар қабули барномаи SMART барои идоракунии минтақаҳои муҳофизатшаванда дастгирӣ мекунад ва ба ин васила кӯшишҳои ҳифзи табиат ва беҳтар намудани мониторинги гуногунии биологиро тақвият медиҳад.
Таҷҳизоти нав функсияҳо ва идоракунии самараноки ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаро беҳтар мекунад. Бо хусусиятҳои пешрафта, аз қабили аёнкунии маълумоти фазоӣ ва ҳисоботдиҳии автоматӣ, кормандони омӯзонидашуда барои самаранок анҷом додани фаъолиятҳои ҳифзи табиат беҳтар муҷаҳҳаз карда мешаванд ва дар ниҳоят ҳифз ва идоракунии ин минтақаҳои муҳими экологиро беҳтар мекунанд.
Ин ибтикор тааҳҳудоти васеътари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанберо дар самти баланд бардоштани тавонмандии кормандони минтақаҳои ҳифзшаванда ва пешбурди истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар ҳифзи муҳити зистро инъикос мекунад.