САҲА бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо тавонмандиҳои банақшагирии амалиётии афсарони баландпояи сарҳадбони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият медиҳад

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар чаҳорчӯби марҳилаи 3-юми лоиҳаи “Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, аз 17 март то 5 апрели соли 2025 дар Маркази таълимии Халқаёри ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, курси сеҳафтаинаи таълимии Ташкил кардани сарҳадбониро барои афсарони баландпояи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият ба анҷом расонд.
Дар ин омӯзиши пуршиддат, ки ҳадафи он такмили банақшагирии амалиётӣ ва маҳорати роҳбарӣ дар Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар маҷмӯъ 24 афсари баландпоя ширкат карданд. Барномаи таълимӣ самтҳои калидӣ, аз қабили ҳалли мушкилот, фармондеҳӣ ва назорат, идоракунии иттилоот ва хатарҳо, равандҳои қабули қарорҳо ва банақшагирии миссия ва машқҳоро дар бар гирифт.
Марҳилаи сеюми лоиҳа босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки аз Воситаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба миқдори 2,5 миллион евро маблағгузорӣ шудааст, тааҳҳудоти Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро барои дастгирии амнияти сарҳадӣ ва талошҳои таҳкими тавонмандии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад.