Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо САҲА курси такмили иқтидори тактикии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маҳалҳо ба анҷом расонд

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар чаҳорчӯби марҳилаи 3-юми лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи ҷанубии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, курси дуюми «Ташаккули иқтидори тактикӣ дар маҳалҳо»-ро барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10 март то 5 апрели соли 2025 дар Маркази таълимии Халқаёри вилояти Хатлон баргузор гардид, ба анҷом расонд.
Дар тӯли барномаи чорҳафтаина, 29 афсар дар омӯзиши ҳамаҷониба иштирок карданд, ки ҳадафи он баланд бардоштани омодагии амалиётӣ ва кори онҳо дар маҳалҳо мебошад. Курс ба самтҳои асосии омодагии тактикӣ, аз ҷумла малакаҳои зинда мондан, харитахонӣ ва кӯмаки аввалия нигаронида шудааст. Ин малакаҳо барои идоракунии самараноки сарҳад дар минтақаҳои аксаран душворгузар ва пешгӯинашавандаи ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиманд.
Курс дар шакли машғулиятҳои ҳамаҷонибаи назариявӣ ва чорабиниҳои саҳроӣ гузаронида шуд. Се роҳбалади Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан курсҳои Марҳилаи 2-и Омӯзиши роҳбаладони (ТоТ) лоиҳаро хатм карда буданд, курсро дастгирӣ намуда, иқтидори устувори таълимии Қӯшунҳои сарҳадиро таъмин намуданд.
Марҳилаи сеюми лоиҳа ба босуботгардонии минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки ба он Воситаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо 2,5 миллион евро маблағ ҷудо намудааст, тааҳҳудоти Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро оид ба дастгирии амнияти сарҳадӣ ва талошҳои таҳкими тавонмандии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад.