Мушовирони низомии Олмон ва Британияи Кабир ба Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи аз ҷониби САҲА дастгиришаванда ташриф меоранд
21 ва 22 майи соли 2024 ду мушовири низомии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар САҲА дар Вена, Намояндагии Британияи Кабир дар САҲА дар Вена ва як намояндаи Шӯъбаи дастгирии Форуми ҳамкориҳои амниятии Маркази пешгирии низоъҳои САҲА (CPC/FSC SU) ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ва Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи (REHTC) аз ҷониби САҲА дастгиришаванда ташриф оварданд.
Сафари онҳо гузориши фарогир оид ба лоиҳаҳои «Яроқи сабуки оташфишон» (SALW) ва «Захираҳои лавозимоти ҷангӣ» (SCA) ва сипас омӯзиши амиқи барномаи Дафтари барномаҳои САҲА «Ҳамкории ҳамаҷониба оид ба безараргардонии маводи тарканда» (ICExH)-ро дар бар гирифт. Ин барои муҳокима ва ҳамкории минбаъдаи САҲА ва ҳайатҳои дахлдор дар САҲА замина фароҳам овард.
Рӯзи дуюм меҳмонони воломақом барои шиносоӣ бо амалиёт ва имкониятҳои марказ ба майдончаҳои таълимии Маркази таълимӣ сафар карданд. Онҳо аз Маркази таълимӣ ва намояндагони Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USARCENT) дар бораи пешрафтҳо ва эҳтиёҷоти ҷории майдони намоишӣ ва маркази таълимӣ маълумот гирифтанд. Пас аз он боздид аз майдони намоишӣ ва маркази таълимӣ, намоиши таҷҳизоти навтарин, усулҳои таълимӣ ва намоиши амалии иктишофҳои дурпарвоз ва наздик, таҷҳизоти ташхиси рентгенӣ, «канҷа ва хат» ва техникаи дурдаст «лента-ва-хат» сурат гирифт.
Ин боздид барои меҳмонони гиромиқадр, ки худашон дар ду машқи амалӣ оид ба истифодаи тасма, ресмон, қалмоқ ва калид барои бехатар берун баровардани лавозимот ва берун кардани тарконаки лавозимот аз масофаи дур иштирок карданд, таҷрибаи амалӣ фароҳам овард.
Ин сафар имконияти пурарзиш барои таҳкими шарикӣ ва ҳамкорӣ дар рафъи таҳдидҳои хатари маводи тарканда ва паҳн кардани ноу-хау (усулҳои кор) дар самти коҳиш додан ва вокуниш ба хатари лавозимоти тарканда ба амал омад.
Ин мунросибати муштарак амнияти минтақавиро таҳким бахшида, ба давлатҳо имкон медиҳад, ки дар самти ба вуҷуд овардани ояндаи бехатар якҷоя кор кунанд ва ба ин васила ӯҳдадориҳои САҲА оид ба таҳияи модели амнияти ба ҳамкорӣ ва муносибати ҳамаҷониба асосёфтаро иҷро кунанд.