САҲА ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳоро дастгирӣ кард
15 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳо ва пешгирии олудашавии об баргузор гардид.
Чорабиниро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар якҷоягӣ бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) мизбонӣ кард, ки дар он 35 намоянда аз сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, аҳли илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи ВАО ширкат доштанд. Ҳадафи ин чорабинӣ таҳкими ҳамкории байниидоравии байни мақомоти масъули давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, корхонаҳои истихроҷи маъдан ва бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ буд.
Иштирокчиён дар бораи бехатарии партовгоҳҳо ва пешгирии олудашавии тасодуфии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳ ба мушкилот ва афзалиятҳои марбут ба сифати об ва пешгирӣ, омодагӣ ва вокуниш ба садамаҳои истеҳсолӣ маълумот доданд. Онҳо инчунин фаъолиятҳои гузашта, пешрафтҳои асосии нақшаи кории соли 2023 ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои соли 2024-ро баррасӣ карданд.
Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи кӯшишҳои доимии Дафтари барномаҳо барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба Конвенсияи СММ оид ба оқибатҳои фаромарзии садамаҳои саноатӣ мебошад. Он ҳамчунин ба ӯҳдадориҳои САҲА дар бахши об мувофиқат мекунад.