Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба омӯзиши кормандони Марказҳои захиравии занон ҷиҳати дастгирӣ ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ кӯмак мекунад
19 марти соли 2021, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси панҷрӯзаи омӯзиширо дар мавзӯи “Расонидани кӯмаки равонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ” дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонд. Дар ин курс 19 намояндаи Марказҳои захиравии занон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат варзиданд.
Онҳо беҳтарин усулҳои расонидани кӯмаки равониро ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ омӯхтанд ва имкон доштанд, ки бо истифода аз усулҳои гуногуни равонӣ ҳолатҳои зӯроварӣ дар оиларо таҳлил кунанд. Онҳо малакаҳои нави байнишахсӣ пайдо карданд ва истифодаи ин малакаҳоро дар машқҳои амалӣ ва бозиҳо озмуданд.
“Омӯзиш ба ман кӯмак кард то бифаҳмам, ки чӣ гуна ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ машварати равонӣ диҳам ва ба онҳо дар мубориза бо стресс ва рафъи осеби равонӣ мусоидат кунам”, гуфт Зулфия Эркаева, намояндаи шӯъбаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Истаравшан. Вай афзуд, ки Кумита минбаъд низ бо Маркази захиравии занон дар ноҳия ҳамкории зичро баҳри пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон ва дастгирии зарурии ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ идома хоҳад дод.
“Курси омӯзишӣ ба ман писанд омад, зеро методологияи он қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ва урфу одатҳои маҳаллиро ба назар мегирад, ки ин ҳангоми расонидани кӯмаки равонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ хеле муҳим аст”, қайд кард Гулчеҳра Саъдуллоева, равоншиноси Маркази захиравии занони ноҳияи Айнӣ.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирии Ҳукумати Тоҷикистонро дар амалисозии Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” идома медиҳад. Дафтар тавассути 14 Маркази захиравии занон, ки аз тарафи Дафтар таъсис шудаанд, ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад.
Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе “Марказҳои дастгирии занон” амалӣ гашта, аз ҷониби Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финляндия, Иттиҳоди Аврупо, Андорра ва Олмон маблағгузорӣ мегардад.