САҲА барои пешгирии паҳншавии COVID-19 ба шарикони худ дар ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар саросари Тоҷикистон маводҳоро тақдим кард

Дар санаи 8-ум ва 9-уми июли соли 2020, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба шарикони худ дар ҳукумати Тоҷикистон ва як қатор намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар ашё ва маводҳои гуногунро барои пешгирии паҳншавии коронавирус тақдим кард.
Баҳрабардорон Вазорати корҳои дохилӣ, Суди Олӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, маъмуриятҳои вилоятии чор минтақа (вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва минтақаи Ғарм), Шабакаи Марказҳои Орхус, Маркази Ҳуқуқи Инсон ва инчунин беморхонаҳое буданд, ки ба ҳайати қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат мерасонанд.
Ашёҳои тақдимшуда як қатор маводҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла антисептикҳо, дастпӯшҳо барои муоинаи тиббӣ ва ҷарроҳӣ ва ниқобҳоро дарбар гирифтанд. Маводҳо ба беморхонаҳо, кормандони тиббӣ ва гурӯҳҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда барои иҷрои бехатари вазифаҳои ҳаррӯзаи онҳо кӯмак хоҳанд кард.