САҲА муҳокимаро гирди мизи мудаввар дар самти мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон дастгирӣ кард
12 марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар оид ба муҳокимаи татбиқи тавсияҳо дар доираи даври 4-уми мониторинги Нақшаи амали зиддифасоди Истанбул баргузор гардид. Чорабиниро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мизбонӣ намуд.
Дар мизи мудаввар зиёда аз 20 намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Агентии зиддикоррупсионӣ, Вазорати адлия, Парлумон, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Чорабинӣ ҳамчун таҳкурсӣ барои мубодилаи иттилоот байни сохторҳои давлатие, ки бо масъалаҳои зиддикоррупсионӣ сарукор доранд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба чорабиниҳои дар даври чоруми мониторинги иҷрои тавсияҳо доиргардида хизмат кард. Иштирокчиён мушкилот ва монеаҳоро дар мубориза бо коррупсия муайян намуда, роҳҳои беҳтар кардани мубориза алайҳи коррупсияро баррасӣ карданд.
Филиппо Кривелларо, роҳбари Шӯъбаи иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, муҳимияти муттаҳид намудани кӯшишҳоро дар мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон таъкид намуд. Вай инчунин зарурати ҳамоҳангсозии беҳтари байни тамоми субъектҳои дахлдори ҷомеаро, ки ба паст кардани коррупсия нигаронида шудааст, қайд кард. “Чорабинии мазкур як марҳилаи хуб барои муайян кардани қадамҳои минбаъда ҷиҳати таъмини ба даст овардани натиҷаҳо ва аёнияти онҳост”.
Дар ҷараёни мулоқот САҲА нақшаи амалро ҷиҳати тақвияти кӯшишҳо дар мубориза алайҳи фасод бо таваҷҷӯҳи махсус ба Стратегияи нави зиддикоррупсионӣ, ки ҳукумат то охири соли 2020 қабул мекунад пешниҳод кард.
Мизи мудаввар барои ҷаласаҳои Шабакаи зиддикоррупсионӣ, ки онро Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ (OECD) охири соли равон дар Париж ташкил хоҳад кард, ва оғози даври 5-уми мониторинг оид ба иҷрои тавсияҳои Нақшаи амалиёти зиддифасоди Истанбул замина мегузорад.