САҲА ҷавонон ва ташкилотҳои байналмилалиро барои пешбурди баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон муттаҳид менамояд
17 октябри соли 2019 ҷавонони тоҷик дар мубоҳисаи мизи мудавваре, ки аз ҷониби САҲА дар Душанбе ташкил карда шудааст, пешбурди ҳуқуқи занон ва баробарии гендериро баррасӣ карданд. Чорабинӣ ба Рӯзи байналмилалии занони деҳот бахшида шуда буд. Дар муҳокима тақрибан 60 аъзои шабакаи чемпионҳои гендерӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Чорабинӣ ҳамчун як таҳкурсии муколама байни ҷавонон ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар соҳаи баробарии гендерӣ фаъолият мекунанд, хизмат кард. Он инчунин ба ширкаткунандагон имкон дод, ки таърихи муваффақиятҳои худро дар соҳаи доир намудани чорабиниҳои мусоидат намудан ба иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба самъи иштирокчиён расонанд.
«Ман ифтихор дорам, ки узви шабакаи чемпионҳои гендерӣ ҳастам» - гуфт Комила Авизова, яке аз иштирокчиёни ин чорабинӣ. Ҳар рӯз ман афкори одамонро тағйир медиҳам ва дилҳои онҳоро ба даст меорам ва ҳамин тавр ҳар рӯз ғолиб мешавам».
Чемпионҳои гендерӣ - шабакаи занону мардони ҷавони тоҷике мебошад, ки дар соҳаи пешбурди ҳуқуқҳои занон, баробарии гендерӣ ва иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият мекунад. Шабака соли 2017 бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таъсис ёфтааст.