Чорабинии САҲА: Духтарони тоҷик бо ҳама намуди варзиш машғул шуда метавонанд ва қобиланд
Тақрибан 100 духтар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар фестивали варзишӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон 11 октябри соли 2019 иштирок карданд. Чорабинӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор гардид. Духтарон дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ширкат варзиданд, ки пас аз онҳо бозии футбол баргузор гардид. Фестивал ба таъсир расонидан ва тағйир додани меъёрҳои қолабии иҷтимоие, ки ба машғул шудани духтарон бо бозиҳои варзишӣ монеъ мешаванд, нигаронида шудааст. Он нишон дод, ки духтарон метавонанд ва қобиланд бо ҳар намуди варзиш машғул шаванд ва ҳеҷ гуна маҳдудиятҳоро аз рӯи ҷинсият набояд ҷорӣ кард.
«Дастовардҳо дар варзиш духтаронро барои ноил шудан ба мақсадҳояшон дар зиндагӣ омода месозад», - гуфт Дилором Нусратуллаева, сардори шӯъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Фестивалро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир намуданд.
Соли 2012 Миллати Муттаҳид 11 октябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтарон эълом намуд. Он мушкилиҳои духтаронро эътироф мекунад ва имконоти онҳоро ҷиҳати ноил шудан ба нерӯи пурраи худ ва амалӣ шудани ҳуқуқҳояшон тавсеа медиҳад.