САҲА ба Раёсати ташхисӣ-криминалистӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таҷҳизоти судӣ-тиббиро тақдим менамояд

30 январи соли 2019 дар Душанбе Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Раёсати ташхисӣ-криминалистӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти таълимӣ-криминалистиро тақдим намуд. Таҷҳизоти тақдимшуда шаш асбоби дарёфти тирҳо, чор асбоби муайянкунии сахтии металл, чор тарозуи озмоишӣ, як микроскоп, сӣ дастурамалӣ криминалистӣ, панҷ компютери рӯимизӣ, як проектор бо экран ва ду видеокамераи рақамиро дарбар мегирад.
Дар маросими тақдим Генерал-лейтенант Икром Умарзода, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал Фарходбек Шодмонзода, Ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милитсия, Генерал Файзалӣ Шарифзода, Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Подполковники милитсия Юсуф Абдураҳмонзода, муовини сардори Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ширкат варзиданд.
«Ин кӯмаки техникӣ иқтидори техникии Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилиро ба таври самаранок пешгирӣ ва муқовимат намудан ба ҷинояткорӣ, инчунин таъмини амнияти аҳолӣ мусоидат хоҳад кард», гуфт муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода.
Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Генерал-майор Файзалӣ Шарифзода зарурати кӯмаки САҲА ба омӯзиши амалии кормандони полисро таъкид намуд.
«Дафтари САҲА дар Душанбе ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар тақвияти иқтидори тафтишотии ба далелҳо асосёфтаи онҳо мутобиқи усулҳои муосири ҳифзи тартибот кӯмак мекунад», - гуфт Фейзо Нуманай, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. «Дар ҳамкории зич бо Вазорати корҳои дохилӣ САҲА омӯзишҳо барои кормандони полис ва прокурорҳоро дар мавзӯъҳои марбут ба тафтишоти судӣ, пешвоӣ ва идоракунӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва ҷанбаҳои гендерӣ таъмин менамояд. Воҳидҳои ташхисӣ-криминалистии Вазорат дар таъмини мурофиаи одилона ва саривақтӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон нақши муҳим мебозад».