Баргузории семинар оид ба мубориза бо зӯроварӣ дар оила дар ноҳияи Хуросони Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 феврали соли 2018 дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон семинари якрӯза барои гурӯҳи кории байнисоҳавӣ, ки бо масъалаҳои зӯроварӣ дар оила кор мебарад, баргузор гардид. Ин чорабинӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Намояндагони минтақавии сохторҳои асосии ҳукуматӣ, ки ӯҳдадоранд Қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оиларо татбиқ намоянд, аз ҷумла Кумита оид ба корҳои занон ва оила, Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Вазорати корҳои дохилӣ, прокуратура, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои гурӯҳи кории байнисоҳавӣ (гурӯҳ) мебошанд. Инчунин дар кори ин гурӯҳ намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бо масъалаҳои зӯроварӣ дар оила кор мебаранд, ширкат меварзанд.
Дар семинар иштирокчиён бо усули байнисоҳавӣ барои баррасии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ва истифодаи механизми бозравонӣ, ки он аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА таҳия шуда буд, шиносоӣ пайдо карданд. Ин ба иштирокчиён имконият медиҳад, то онҳо тавонанд ҷабрдидагонро сари вақт ба муассисаҳое, ки онҳоро бо дастгирӣ, ҳимоя ва офиятёбӣ таъмин менамоянд, бозравонӣ кунанд. Ҳангоми баргузории дарси амалӣ, иштирокчиён бо механизми бозравонӣ тавассути истифодаи усули байнисоҳавӣ барои дастгирӣ ва ҳимояи қурбониёни зӯроварӣ дар оила, шинос шуданд.
Иштирокчиёни семинар инчунин мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои беҳтар намудани механизмҳои маҳаллиро бо истифодаи усуле, ки ба эҳтиёҷоти ҷабрдидагон нигаронида шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд. Ёддошти ҳусни тафоҳум ва нақшаи чорабиниҳо, ки бояд воситаҳои асосӣ барои татбиқи фаъолияти муштараки марбут ба мубориза бо зӯроварӣ дар оила дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби муассисаҳое, ки шомили гурӯҳи кории байнисоҳавӣ мебошанд, таҳия карда шуданд.
«Усули байнисоҳавӣ ба дастгирии ҳаматарафаи қурбониён ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила кӯмак мерасонад ва раванди барқароршавӣ ва офиятёбии онҳоро метезонад», - гуфт Маърифат Хидиралиева, роҳбари лоиҳаи Маркази захиравии занон дар ноҳияи Хуросон, ки аз тарафи САҲА дастгирӣ мешавад.
Весна Иванович-Кастаред, корманд оид ба масъалаҳои гендерӣ ва мубориза бо савдои одамони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, таъкид карда гуфт: «Усули фарогири байнисоҳавӣ – усули корие мебошад, ки он ҳамаи иштирокчиёнеро, ки ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳимояи қурбониёни зӯроварӣ дар оила кор мекунанд, шомил менамояд. Мо бо сохторҳои миллие, ки ҷиҳати амалӣ намудани Қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила масъуланд, ҳамкории хеле хубе дорем ва якҷоя ҷиҳати баланд бардоштани огоҳинокии шаҳрвандон тавассути баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар ҷомеаҳо фаъолият бурда истодаем».
Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби дастгирие, ки Дафтари барномаҳои САҲА ба Вазорати корҳои дохилии кишвар ҷиҳати ворид сохтани масъалаҳои гендерӣ ба раванди ислоҳоти милитсия мерасонад, гузаронида шуд. Баргузории ин семинар ба институтсионализатсияи механизмҳои ғайрирасмии бозравонӣ ва кӯмак ба қурбониёни зӯроварӣ дар оила дар сатҳи маҳаллӣ, нигаронида шудааст.
Соли 2017 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таъсиси гурӯҳҳои кории байнисоҳавиро, ки бо масъалаҳои мубориза бо зӯроварӣ дар оила кор мебаранд, инчунин дар Панҷакент, Исфара, Ванҷ ва Хоруғ дастгирӣ намуда, баҳри онҳо чунин семинарҳоро баргузор намуд.