Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА ба Суди олии Тоҷикистон таҷҳизоти компютерӣ тақдим менамояд
Publishing date: 25 апрел 2019
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Маркази таълимии судяҳои Суди олии Тоҷикистон 25 адад компютер ва як принтерро барои баланд бардоштани сифати омӯзиши судяҳо ва прокурорҳо тақдим намуд. Маросими тақдим 19-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Намояндагони расмии Тоҷикистон дар сафари омӯзишии аз ҷониби САҲА ташкилшуда бо таҷрибаҳои пешқадами кампусҳои (шаҳраки таълимӣ) технологияҳои иттилоотӣ шинос мешаванд
Publishing date: 25 апрел 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти иқтисодӣ
Дар таърихи 15-19 апрели соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои мансабдорони давлатии Тоҷикистон сафари омӯзиширо ба Арманистон ташкил намуд. Ҳадафи сафари омӯзишӣ ба мансабдорон фароҳам овардани имконияти шинос шудан бо стратегияҳои инноватсионии рушди иқтисод буд.
САҲА ба журналистони ҷавон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон рӯзноманигории экологиро меомӯзонад
Publishing date: 18 апрел 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Озодӣ ва рушди расонаҳо
17 ва 18 апрели соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 35 рӯзноманигори ҷавон аз Душанбе ва минтақаҳои гуногуни кишвар курсҳои омӯзиширо оид ба рӯзноманигории экологӣ ва масъалаҳои муҳими экологӣ дар Тоҷикистон баргузор намуд. Чорабинӣ якҷоя бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда шуд...
САҲА курси омӯзиширо оид ба баробарии гендерӣ барои ҷавонони ҳизбҳои сиёсии дар Тоҷикистон бақайдгирифташуда баргузор менамояд
Publishing date: 15 апрел 2019
Дар таърихи 12 ва 13 апрели соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 28 нафар ҷавонмардону ҷавонзанон, намояндагони ҷавони ҳафт ҳизби сиёсии бақайдгирифташуда дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза баргузор намуд...
САҲА ба маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таҷҳизоти техникиро тақдим менамояд
Publishing date: 15 апрел 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Ислоҳот ва ҳамкорӣ дар сохтори амниятӣ
12-уми апрели соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти компютериро тақдим намуд...
Дар Қазоқистон шиносоии коршиносони Осиёи Марказӣ бо низомҳои поксозии башардӯстонаи минаҳо оғоз ёфтааст
Publishing date: 4 апрел 2019
Content type: News
What we do: Ислоҳот ва ҳамкорӣ дар сохтори амниятӣ
1 апрели соли 2019, дар Алмаато, Қазоқистон, Курси панҷрӯзаи минтақавии таълимии САҲА «Шиносоӣ бо низомҳои поксозии башардӯстонаи минаҳо» оғоз ёфт...
Дар Душанбе бо дастгирии САҲА мизи мудаввар оид ба Нақшаи миллии амалиёти Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез то соли 2020 баргузор гардид
Publishing date: 1 апрел 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
29 марти соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе чорум ҷаласаи машваратиро бахшида ба амалинамоии Стратегияи миллӣ ва нақшаи амалиёти Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез то соли 2020 баргузор намуд. Он дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир гардид